Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Об барояшон азиз, қимат, ҷонашону об, намегузоранд ба деҳаи Сангрез ҷорӣ шавад, пеши обро чимбандӣ мекунанд. «Об аз они мо, обро ба мо Худо додааст, соҳиби об моем», мегӯянд ва аз он ки Худо ба эшон оби фаровон лоиқ дидааст ва манзилашон дар чунин ҷои серобу хушбоду ҳаво ҷой ёфтааст, ифтихор доранд ва аз падару бобоён, аз пушт ба пушти гузаштагон миннатдоранд, ки дар вақташ, дар кадом аср чунин мавзеъро ҷои зист қарор додаанд. Дар ҳаққи арвоҳони гузашта дар масҷиду намозгузориҳояшон фотиҳа мехонанд, бо некӣ ёдовар мешаванд онҳоро. Боз ва боз «об аз они мо» мегӯянд. Ба сангрезиҳо об намедиҳанд, ба ҷанг мехезанд, гиребонгирӣ мекунанд, бо онҳо хундор шудаанд. Кадом давре сангрезиҳо оби нӯшиданӣ ҳам наёфтаанд. Якҷоя белу каланд гирифта, ба сари об омадаанд. Ҳама беибо, рӯинатан.
Дар сари об касе аз болообиҳоро дидаанд, задаанд, чанд нафарро маҷрӯҳу мубтало кардаанд, куштаанд.
Ана, аз ҳамон замон, баъди ҳамон воқеа, болообиҳо ба мардуми Сангрез хундор. Ба болои ин дар ҳамин солҳои наздик воқеаи дигаре сар зада. Ду бачаи мактабхони деҳаи Болооб шабона ба боғоти сангрезиҳо ангурдуздӣ даромада.
Чанд сар ангур канда ё наканда, ки соҳиби боғ хабардор шудааст. Бачаҳо роҳгум зада, тарафи ҷари баланд давидаанд.
Кӣ медонад ҳамин хел шуда ё нашуда, вале мурдаи ҳар ду бачаро пагоҳӣ дар таги ҷар ёфтаанд. Баъди ин ҳодиса одамон аз деҳаҳои якдигар гузашта наметавонистаанд. Касе набуда, ки онҳоро насиҳат кунад, ба сулҳу салоҳ биорад ва насиҳат ҳам ба гӯшҳо намедаромада.
Имомхатиби масҷиди деҳаи Болооб боре ҳамин кӯшишро карда. Аммо аз дасти қавмҳояш саломат намонда, ӯро задаанд, дигар аз пушташ намоз нагузоштаанд. Ҳамин хел воқеа дар рӯзҳои нооромии Тоҷикистон, ҷанҷолҳои байниҳамдигарӣ ба сари раиси маҳаллаи деҳаи Сангрез низ омада.
«Хоин, одами дурӯя» гуфта, ӯро аз як маърака рондаанд.
Бо ҳамин фикру хаёлҳо дилу ботини падари Осиямоҳ оташ гирифта, пас аз хомӯшии зиёд боз ба Барзу фаҳмондан хост.
– Бачам, муносибатҳои байни мардуми Болообу Сангрезро намедонӣ?

пешина
аз 234
навбатӣ