Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– боз давом намуд падари Осиямоҳ. – Кай байни деҳаҳои мо духтар додаанду духтар гирифтанд? Бачаҳои Болооб одамкушӣ мекунанд, гандаанд. Ба худат ҷанҷол нахар.
Гуфтам-ку, ба ту пул медиҳам, мошин медиҳам.
– Пулу мошинатон лозим не, амак, намегирам баъд маро аз бачаҳои Болооб натарсонед. Онҳо кианд? Аз мо гурехта мегарданд, як худам ҳамаашонро борам. – Барзу роҳакӣ шуд.
– Нарав, нарав, бачам, хуб намешавад, диламон сиёҳ мешавад, – падару модари Осиямоҳ бар ивази некии Барзу қарздор мондан намехостанд.
– Ман меравам, – Барзу аз онҳо дуртар мешуд.
– Осиямоҳ, духтарам, худат чӣ мегӯӣ? – пурсон шуданд волидайн аз духтарашон. – Гап зан.
Дар ин лаҳзаҳо Осиямоҳ худро дар автобус тасаввур менамуд. Он силоҳдори одамхӯр ба сари ӯ омада. Чашми умед ба кӣ бандад? Намедонист, ҳама, пиру ҷавон, дар ҳарос, ноилоҷ, нотавон. Деви одамхӯр бо чашмони оташбор, автомат дар даст болои сари ӯ истода. Ку марде, ки аз ҷонаш гузараду ба Осиямоҳ ёрӣ диҳад? Ку одаме, ки сарпанҷаи ӯ равад? Овози пурдаҳшат ба сари Осиямоҳи ба тарсу ҳаросафтода баланд.
Аз дасташ кашид, аз ҷояш ӯро хезонд, ваҷаб, боз ваҷабе монда, ки ӯро аз дари автобус барорад. Ҳамин ҳангом ба мисле ки олам дар як они воҳид пеши назараш тагурӯ гашт. Барзу аз ҷой хест, силоҳдор аз пой афтод ва садои тир…
– Ба хотири ту, Осиямоҳ, одам куштам, – гуфт Барзу.
Ана, ҳамин ҳолат рух додаю Барзу ҳоло аз хонаи онҳо ду даст дар бинӣ, малол шуда меравад. На, ин хел намешавад.
Падару модар ҳоли Осиямоҳро дар он лаҳзаҳои пурдаҳшати ба сараш омада тасаввур карда наметавонанд. Агар Барзу намешуд, ҳоло Осиямоҳ дар хонаашон, дар назди падару модар намебуд.
– Мепурсед, дада, ки ман чӣ мегӯям? Гапи шуморо намегӯям, Барзуро наранҷонед, Барзу! Барзу!! – Осиямоҳ аз паси Барзу, ки дар дуриҳо сояаш менамуд, давид. – Барзу, Барзу!

пешина
аз 234
навбатӣ