Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барзу!! – овози Осиямоҳ, аз паси ӯ боз ва боз баландтар мешуд, аз паси Барзу медавид, моҳи тамом миёни осмон омада, замину замонро равшан карда буд…


Ними шаб буд, ки гурӯҳи силоҳдорон ба ҳавлӣ даромаданд. Доду фиғони модари Барзу ва Осиямоҳ ба фалак печид.
Ҳамсояҳо шуниданд. Вале ку ҷуръате, ки дар он лаҳзаҳо касе ба кӯмак биояд. Силоҳдорон чун гургон аз як хона ба хонаи дигар медавиданд, саросема, ҳаросон буданд. Чизеро, ки медиданду ба назарашон ширин метофт, мебардоштанд, сандуқу сандуқчаҳоро кушода, ки наметавонистанд, зада мешикастанд. Хонаҳоро талаву тороҷ мекарданд, то мехҳои танаи деворҳоро канданд. Гилему палос, қолину чойнику пиёлаҳоро ба мошин бор мекарданд, як даводаву тоз-тозе. Осиямоҳу модари Барзу розӣ буданд, ки дар бисоташон чизе нагузоранд, баранд ва танҳо ба Осиямоҳ, арӯси Барзу кордор нашаванд, номбад накунанд. Ҳатто ин духтар бо гиряву нола, бо илтиҷо ангуштарин, гӯшвораҳои тиллои аз хонаи падар овардаашро пеши ғоратгарон гузошт.
– Ту зани Барзуӣ? – бо як овоз ҳамаашон аз ӯ мепурсиданд.
– Ҳа, акаҳо.
– Осиямоҳ? – пурсид ниқобпӯше. Барои Осиямоҳ овоз шинос тофт, ба хаёлаш, ки ӯ аз Болооб буд.
Ба Осиямоҳ раҳм накарданд. Осиямоҳро аз назди хушдоман ба даруни хона кашиданд. Хушдоманаш фиғон кашид, пеши пои силоҳдорон афтод, нолид, гирист, илтиҷо дошт, ки ба келини ӯ, нангу номуси Барзуи вай, даст нарасонанд, ҳаёт, зиндагии ӯро насӯзанд, раҳм, инсоф кунанд, инсоф. Лек ба додаш нарасиданд.
– Ту модари Барзуӣ?
– Ҳа, бачам, ман модари Барзу.
Дар ҷавоб бо қундоқи автомат ба сараш заданд, бераҳмона ӯро мезаданд. Ғарқоби хун шуд, аз ҳуш рафт, баъд нафаҳмид, ки чи воқеаҳо рух дод. Ва танҳо ҳангоме ҳушаш ба сар зад, чашм кушод, ба гирду атроф нигарист, ки дар ҳавлӣ касе намонда, силоҳдорон гуму гӯр шуда.

пешина
аз 234
навбатӣ