Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модар мурдаашро ба ҷониби хонаи келин кашид, дарро кушод.
Дар ҳоле дид ӯро, ки чашми бинанда набинад. Худо нишон надиҳад, луб-лучи модарзод буд Осиямоҳ. Тану бадан сиёҳу кабуд, либосҳояш пора-пора рӯи хона партофта шуда. Сараш урён, рӯймолаш таги по, мӯйҳои шабгун чун бахти сиёҳаш, пеши рӯ парешон, сарашро аз миёни зонувон бардошта наметавонист. Гириста-гириста хун аз дида мекард.
– Келин, келинҷон! – бо меҳрубонӣ гап андохт пиразан.
Ҷавоб нашунид.
– Келин, – боз ҳамгап шудан хост пиразан бо Осиямоҳ.
– Хола, дигар маро келин нагӯед, – шунид овози духтарро ӯ. – Бароед, равед, хола, – сар набардошта талаб кард аз модаршӯяш Осиямоҳ. Пиразан ноилоҷ монд. Осиямоҳ аз ҷой бархоста, дарро аз паси ӯ ба рӯяш баст, қулф андохт.
Офтоб баромад. Осиямоҳ аз хона берун намеомад. Баъд тирезаҳои хонаро дуд гирифт, аз сӯрохиҳои дару деворҳо дуд мебаромад. Ҳамсояҳо, ки ҳанӯз тарсу ҳароси шабона аз дилашон нарафта буд, барои аҳволпурсӣ меомаданд. Онҳо дару тирезаҳоро шикастанд. Осиямоҳ кӯрпаҳоро дар карасин тар карда, чодари арӯсиашро ба рӯ кашида, худро оташ зада будааст.


Роҳи бо силоҳдорон пайвастани Барзу аз ҳамон рӯзе сар
шуд, ки дар автобус бо Осиямоҳ вохӯрд, фарзанди калони
Саидхони чӯпонро кушт, соҳиби пул ва автомат гашт. Бисёр
хурсанд буд, ки Худо ғами ӯро хӯрд. Пулдор шуд, автоматдор
шуд. Аз пул ҳам барояш автомат азиз, ҷону дилаш он, дар орзуяш буд, шабҳо хоб медид. Акнун он дури барояш ноёб дар
дасташ, ба дидагонаш мемолид, бо он гап мезад. Яқин, ки акнун соҳиби ҳама чи мешавад. Вай як одами ба қарзу қавола
ғӯтидагӣ, аз сагу мурғ қарздор. Падараш ғурбат мекунад, ки
Барзу танашро ба кор намедиҳад. Ғалат аст фикри ӯ, кор мекунад, маош мегирад. Вале барои худаш либос намегирад, бо
шиками гурусна мегардаду пулҳояшро сарфи дигар ҷо мекунад.

пешина
аз 234
навбатӣ