Ишқи сархӯр

Худаш медонад ҷои хароҷот шудани пулҳояшро. Намерасонад, доим чашмаш ба пул чор, роҳ меҷӯяд, ки пул ёбад, пул гирад, ҳолаш қарз гирифтан. Шукри шиносу ошноҳои падар. Беҳисобанд, назди кадоми онҳо, ки раваду аз номи ӯ қарз хоҳад, медиҳанд. Баъд он тарафаш кори падарашу қарзхоҳон, сари роҳи ӯро мегиранд, нафақаи мегирифтаи падар баҳри қарзҳои Барзу. Силу зардоб шудааст, ба касал задааст. Аз ёру ҷӯра, чашмдидагиҳои худаш, ҳатто аз холаи кампири Зарафо, ки мурғҳояшро фурӯхта буд, Барзу қарздор аст.
Ҳамон бегоҳие, ки автомат дар китф, ба ҳавлиашон даромад, аз ҳама аввал бо падар вохӯрд.
– Дада, салом! – Аз хурсандӣ ба рақс омадан мехост.
– Ҳа, чӣ гап? – хурсандии Барзу ва автомати сари китфи вайро дида падар дар тааҷҷуб монд.
– Пул ёфтам, автомат ёфтам, – гуфт.
– Фаҳмидам, одам куштӣ, пулҳои одамонро гирифтӣ. Дар масҷид гуфтанд, пеши мардум ба маргам розӣ шудам, сар бардошта натавонистам.
– Парво накунед, дада, дигар ман шуморо ғам намедиҳам, пул намепурсам. Соҳиби ҳама чӣ мешавем. Дигар қарзхоҳҳо дари хонаамонро намегиранд, шуморо ҳам ғам наметеянд, касе, ки қарз гуфта биёяд, мепаронам.
– Оҳ, бачам, оҳ, Худо занад туя, бачам. Наход ҳамин хел фарзанд тарбият кардам, Худованд ҳамин туя ҳам ба ман лоиқ намедид, сари бефарзандам мегуфтам, номбадӣ… Ту мана гӯӣ ин хел накун, пулҳои одамоя бурда те, ин автоматро ҳам гуму гӯр кун. Гапма гир.
– Наметавонам, дада, агар аз силоҳ монам, бачаҳои Саидхони чӯпон маро мекушанд, ба сарам меоянд, ғамамро хӯрданам лозим, план дорам. Ман ҳам акнун ба майдон медароям, чору панҷа ҷамъ карда гурӯҳ мешавем. Худаму шумоя, деҳая соҳиб мешавам, фарзанди бобои Абдукарим буданамро нишон медиҳам.
– Хонаатро месӯзам гӯй…
– Ин хел нагӯед, дада. Ҳоло ҳамин хел замон шудааст, бинед силоҳдорҳо чӣ корҳо карда истодаанд…Мардум таҳти фармонашон, қасру кушкҳо доранд, зиндагиашон шоҳона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё