Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин хел кор накун ту. Ту бачаи манӣ, ё не?
– Бачаи шумо ҳастам, дада, – дигар бо падар гап назада Барзу модарашро ҷуст… Баъд ӯ бо пулҳояш силоҳ харид, назди подабонҳои фермаи колхоз, ки гову молҳо ғорат шуда, бекор монда буданд, рафт, гурӯҳ ташкил кард. Бо як-ду силоҳи доштаашон хона – ба хона шуданд. Одамони якчӣнимчӣ доштаро медонистанд. Пулҳояшон афзуд, боз силоҳ гирифтанд, тақсим карданд. Силоҳдорҳояш акнун беҳисобанд. Ҳамин тариқ, кушоиши кор ҳамон як автомати ба даст овардааш шуд. Ҳама чи ёфтанд, бақувват, тавоно шуданд.
Барзу қумандон, овозадор. Аз сиёсаташ ҳама дар ҳарос, номашро шунидагӣ одам дар ҷояш шах мешавад. Силоҳбадастонаш ба вай вафодор, баҳри ӯ аз мурдан намегаштагӣ. Вале ба ҷуз як нафар – оне, ки як қумандони бообрӯяш аст. Ӯ махсуми Ҷонмаҳмад. Агар мардона иқрор шавад, аз вай ба Барзу фоида зиёд шуда. Аз рӯзе ӯро ба паҳлуяш гирифт, вазъ дигар шуд. Пешравӣ, фатҳу нусрат насибаш гаштан гирифт. Чи хеле гӯянд, Барзуро ҳамин одам Барзу кард. Таҷрибаи ҷангӣ дорад.
Дар Афғонистон хизмат кардааст, рутбааш полковник, дар илми ҷанг як бало. Ба кадом роҳу равише ӯ нишон дод, фоида овард. Даста-даста силоҳдорони душман дар ғафлат монданд.
Баъд Ҷонмаҳмадро гуфта бештари мардум ба ихтиёри Барзу шуда, дар паҳлуи ӯ истода. Ҳамин хелу ин одам вақтҳои охир ақлашро хӯрда. Дар ҷанг одами раҳмдил, дилсӯз чӣ лозим?
Зарар мешавад аз ӯ.
Ба Барзу аз чандин амалҳои беақлонаи махсуми Ҷонмаҳмад хабар расонданд.
Аз роҳи деҳаи Ёсуман гузашта борҳо дидааст, ки пиразане косача дар даст аз миёни киштзорон мушунг мечидааст, мошинашро дошта назди ӯ меравад.
– Оча, – бо меҳрубонӣ вайро садо мекунад.
– Лаббай, ҷони оча, – пирзан силоҳдорро дида косаи мушунг аз дасташ меафтад.
Махсуми Ҷонмаҳмад косаро аз рӯи алафҳо мегирад.
– Шумо чӣ кор мекунед, оча? – пурсон мешавад ӯ.
– Аз рӯзи ногузаро мушунг мечинам, бачам, – баъд ӯ мефаҳмонад, ки силоҳбадастон шавҳар ва бачаи яккаю ягонаашро бурдаанд.

пешина
аз 234
навбатӣ