Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ давом мекунад, дар хона гарди орде надошта, ки рӯи об занад. Ӯ боз таъкид кардааст, ки аз рӯзи ногузаро мушунг мечидааст.
Махсуми Ҷонмаҳмад мушунги косаро рӯи алафҳо рехта «бо ман биёед», мегӯяд ба пиразан.
– Чӣ мекунӣ, бачам? Мегӯӣ, ки мушунг начинам? – пиразан мақсади силоҳбадастро нафаҳмида, биё мегӯӣ мана, куҷо мебарӣ мана?
– Дар мошин шинед, – силоҳбадаст дари мошини бадвоҳимаи сиёҳро кушод.
– Маро набар, бачам, ман ба Худо, гуноҳ надорам. Забонам сӯзад, ки шумоҳоро дуои бад накардаам, аз тақдир дидаам.
Касе ба шумоҳо хабар дода бошад, дурӯғ гуфтааст, туҳмат задааст.
– Оча, ба мошин дароед, – пиразанро, ки ба тарсу ҳарос афтода будааст, ба мошин хондааст. Аз мағоза ду халта орд гирифта, ӯро ба хонааш, ба деҳаи Ёсуман бурдааст. Халтаҳои ордро дар кулбаи кампир ҷо ба ҷо карда, аз ӯ дуо хостааст.
Барзу боз як «беақлию содагӣ»-и махсуми Ҷонмаҳмадро шоҳид шуда.
Дар беморхонаи Сарой баъзе беморон солҳои сол дард мекашиданд. Силкасал, умед ба зинда мондан намонда, рӯзи башумур ҳисоб мекарданд. Онҳоеро, ки ворисҳояшон дигар суроғ намекарда, як ҳоле, мӯҳтоҷ, афтода, чашм ба роҳи касоне буданд, ки баъзан аз барои Худо як чи-ним чи хайр мекардаанд. Махсуми Ҷонмаҳмад ба ҳамсараш фармуда, ки дар як дег гӯшт бирён кунад, нону кулчаю мавиз гирад. Ӯ бо тӯшаю талқон роҳи бемористони Саройро пеш мегирад. Ба беморон тӯшаҳоро тақсим мекунад, ба баъзе мӯйсафеду занҳои муҳтоҷ пул медиҳад. Ва аз кадом як ҳуҷраи беморон садои най ба гӯшаш меояд, садои дилнишин, пуралам. Хеле гӯш медиҳад ба садои най. Баъд дар ҷустуҷӯи найнавоз меафтад. Мегӯянд, ки ӯ як писарак аст, шаш сол боз дар беморхона, аз ҷумлаи бекасу бесоҳибон. Касе суроғаш намекарда.
Писарак аз қамиш най сохта ҳар рӯз аз пагоҳӣ дами тиреза нишаста рӯ ба офтобу осмони софу беғубор, ки парандагон пеши назараш бол мекашидаанд, най менавохтааст. Алами дил ба най мегуфтааст.

пешина
аз 234
навбатӣ