Ишқи сархӯр

Махсуми Ҷонмаҳмад писараки найнавозро мебинад, харобаки рангаш заҳир. Дар сараш тоқиҳаки гулдор, он аз модараш нишона, тоқиро модар бо сад орзу баҳри Холмирзоҳакаш дӯхтаю худ сар ба болини марг ниҳода. Падараш низ дар ин ҷангҳои бемаънӣ кушта шуда.
Ҳамин тариқ писараки хурдсол бесоҳибу бекас монда. Нола аз дили пуралам мекашидааст, алам ба забони най медодааст.
Ҳамон рӯз махсуми Ҷонмаҳмад дарду алами писаракро аз забони худи ӯ шунида, дилаш сӯхтаю ӯро ба хонааш бурдааст. Чанд ҳафта нигоҳубинаш кардааст ва баъд ба вай сару либоси нав харида, боз ба беморхона овардааст. Минбаъд гоҳ-гоҳе ба хабаргириаш мерафтааст. Барзу дидааст, ки дар бағали махсуми Ҷонмаҳмад доим дар як халтача қанд. Ба ҳар деҳае равад, кӯдакон тарафаш медавиданд, гирдаш ҷамъ меомаданд. Баъд ӯ аз бағал халтачаашро бароварда ба онҳо қанд медод. Як ғалоғулае, дасти кӯдакон тарафаш дароз, инаш ки «амакҷон, ба ман» ваяш ки «ба ман! Қанд, қанд» – фарёду фазаҳ. Махсуми Ҷонмаҳмад хандида – хандида қанд тақсим мекард. Чун медид, ки сару рӯи кӯдаке чиркин, биниаш пок накарда, аз дасташ гирифта лаби оби ҷӯй мебурд, сару рӯяшро мешуст, биниашро бо рӯймолча тоза мекард.
– Ана, ҷӯра, гап ин-да, минбаъд дасту рӯятро худат шӯй, шакалод медиҳам, агар бинам, ки рӯта нашустаӣ, қанд намедиҳам, – писарак аз меҳрубонии амаки силоҳдор шод мешуд ва амакаш ба вай боз қанд медод. Барои ҳамин ҳам хурдсолон дар куҷое вайро бинанд, баръакси силоҳдорони дигар, ки ҳама аз онҳо мегурехтанд, тарафаш медавиданд, «бобо, бобоҷон» гуфта, ба лаби доманаш мечаспиданд, ҳамел мешуданд.
Хабари фоҷиаи ба сари Осиямоҳ омада даҳон ба даҳон, деҳа ба деҳа мерафт. Хабар ба Барзу расид. Ӯ ҳамроҳи гурӯҳи силоҳдоронаш баъди ба ғорат бурдани молу мулки чандин хонавода, ба қатл расондани соҳибони онҳо аз як шаҳраки дур бармегашт. Аз мошин пиёда шуд, миёни роҳ истод, сарашро бо кафҳо дошта, бехудона ин сӯ-он сӯ қадам мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё