Ишқи сархӯр

Силоҳбадастонаш ҳама гирди ӯ ҷамъ, сар боло намекарданд, ба Барзу изҳори тасаллият ҳам карда наметавонистанд, ҳама интизор, ки худи ӯ чи мегӯяд. Ниҳоят ӯ сар боло кард.
– Медонам, ин кори кӣ? – ва боз таъкид кард: – Медонам, кори бачаҳои Сайидхони чӯпон, кори бачаҳои Болооб. Шумоҳо ҳам медонед, бачаҳо? – ба силоҳбадастонаш назар андохт. Ба ҷуз махсуми Ҷонмаҳмад ҳама бо ифодаи тасдиқи суханони қумандони бузургашон сар ҷунбонданд ва гуфтанд:
– Ҳа, медонем, ин кори душман, кори болообиҳо, кори бачаҳои Сайидхони чӯпон.
– Бале, кори онҳо. Шумоҳо чӣ мегӯед?
– Ҳамаашонро қир мекунем, – бо як овоз садо баромад.
– Бо ҳам мешавем, қасам ёд мекунем, кадоме болообию сангисиёҳӣ вохӯрад, мекушем, хоҳ зан бошад, хоҳ мард, хоҳ кӯдак, хоҳ пиракӣ. Мекушем! – фарёд зад бехудона.
– Мекушем, – садоҳои тобеъони ӯ дар миёни дарае, ки аз он мегузаштанд, ғулғула афканд.
– Бачаҳо, як дам, як дам ба ман ҳам гӯш диҳед, – махсуми Ҷонмаҳмад аз қатори силоҳдорон пеш баромад ва давом намуд:
– Мо ин хел намекунем, кӯдаку чудакҳо чӣ гуноҳ доранд, ки онҳоро кушем. Не, ин тавр накунед. Ҳаргиз! Гунаҳкорро ёфтан лозим, гунаҳкорро, – таъкид кард ӯ.
Аз шунидани ин суханони махсуми Ҷонмаҳмад ҳама гӯё шах шуданд, ҳарфу садое шунида намешуд, дар хаёле, ки ҳамин ҳоло таркише пеши назарҳо сар мезанад, ин суханонро касе мегуфт, ки дар назди кулли силоҳдорон камтар аз Барзу обрӯ ва эътибору ҳурмат надошт. Ҳарду ду кӯҳ, мисле ки ҳоло сар ба сар мезаданд. Нигоҳҳо ба Барзу буд. Дар хаёле, ки ӯ чи мегӯяд, боз дар ҳоле ки ба сари Барзу қиёмате омада.
Даст ба ҷон, ҷону ҷигари вай, ба нангу номуси ӯ задаанд душманон. Дар ҳоли асабоният, дар ҳоли худро гум кардан аст.
– Махсум, махсум, аз ҳад гузарондӣ, дигар нафас набарор, забон накушо, ки тоқатам тоқ шуд, бас кун, дам шав! – Барзу аз ҷаҳл, оташинӣ ба худ меларзид. Махсуми Ҷонмаҳмад ҳам фаҳмид, худдорӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё