Ишқи сархӯр

Барзу калиди мошинро ба Шарифи Ҷарпар дод. Худаш мошин ҳай карда наметавонист. Таркиш дар миёни силоҳдорон ба амал наомад. Ҳарду ҳам ҷонибдор доштанд. Барзую махсуми Ҷонмаҳмад забон таги дандон монданд.
Мошинҳо паси ҳам аз паси мошини Барзу ба ҳаракат даромаданд. Барзу як худаш дар мошин буду Шарифи Ҷарпар.
Хаёли Барзу ба завҷааш, ба Осиямоҳ, ки ба хаёлаш дар ин дунё буду набудаш ҳамин дилдодааш буд. Осиямоҳе, ки як деҳаи калонро бо худ ва хонаводаашон душман карду Барзу гуфт. Ба якравию дӯғу пӯписаи болообиҳо, хусусан ҷавонони деҳа нигоҳ накарда, думи Барзуро гирифт. Имрӯз ин олиҳаи дар роҳи садоқат ба вай вафодор худро нобуд сохт. Пок буд, тоқати нопокӣ накарда. «Барзу» гуфту роҳии як роҳ шуд, роҳи аз ин олам чашм пӯшидан.
Ҳоло яке аз онҳое, ки аз ӯ гумонбар аст, дар наздаш. Гӯри худро мекобад, ӯ ҳамин мудири мактаб Мустафост. Офтоб ба паси қуллаи кафанпӯши кӯҳ мегашт, назари Мустафо ҳам ба офтоб, лаҳзаҳои башумори умраш монда.
– Ту, оҳой, аз ту, ҳаромӣ, мепурсам, қоил шав, ҳамон рӯз баҳри чӣ хонаи мо омадӣ, чаро пурсидӣ, ки Барзу шаб меояд ё не? Чаро? Барои чӣ? Ҷавоб деҳ, гуноҳатро ба гардан гир, фаҳм, ки туро бегуноҳ намекушам. Ҳа, гап зан, забон нахой, дер мешавад.
– Ба ҳурмати он Худое, ки маро ҳаст кардааст, бехабарам.
Онҳо кианд? Намедонам.
– Бо бачаи Сайидхони чӯпон пичир-пичир кардӣ-ку, – боз ба хотир овард Барзу. – Вай кӣ буд ба ту? Ҷаҳманди занҷонат.
– Зан нагӯ.
– Мегӯӣ, Хидиралӣ дурӯғ мегӯяд? Вайро намешиносӣ?
– Намешиносам, як пиёла чой бо вай ҳамроҳ нахӯрдаам.
Салом дод, саломи бандаи мӯъминро алайк гирифтам.
– Росташро гӯй, мекушам.
– Куш, лекин аз хотир набарор, рӯзе бо ҳамин бел қабри худатро худат меканӣ, дар ҳамин ҷо, дар Дараи Марг, – Мустафо белро бо мақсади ба Барзу нишон додан баланд бардошт. Барзу ақиб рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё