Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Куш, аз ёд набарор, туро хун мегирад. Хуни ман, хуни бегуноҳоне, ки онҳоро ту ин ҷо куштӣ. Домангират мешаванд, осуда намегузорандат, девона, ҷиннӣ мешавӣ, ба Худо ҳамин хел мешавӣ.
Милли автоматро ба синаи Мустафо рост карда Барзу пеш омад.
– Гапҳоятро гуфта шудӣ? Боз гуфтание дорӣ? Бигӯ, боз бигӯ!
– Парон, лаънатӣ…натарсон, парон… – суханони Мустафо дар забон монданд. Садои тирҳо ба дара ғулғулаафкан шуд.
Ягон-ягон гунҷишкакони дар кадом як шохи дарахт буда парвоз карданд…
Боз риштаи ҷони яке аз дасти нохалаф дар Дараи Марг канда гашт. Оби равон, ки аз паҳлуи гӯри Мустафо мегузашт, хунолуд шуд. Барзу саросема ба болои Мустафо хок партофт ва белро боз ба ҷояш ба танаи як санги калон рост гузошту дуо кард, то чунин рӯз ба сари худаш наояд. Худо нигаҳ дорад.
Барзу Дараи Маргро нишеб шуд. Ҳар боре ӯ баҳри қатл ин ҷо одам меовард, силоҳбадастонаш дар поён то ба дуриҳо қатор мешуданд, нигаҳбониаш мекарданд. Вале ҳоло чун ӯ дараро фуромад, танҳо Шарифи Ҷарпар ва чанд нафари дигарро дид, ба тааҷҷуб афтод. Чаро силоҳбадастонаш нестанд? Чӣ гап шуда?
– Бачаҳо куҷоанд? Канишанд?! – аз Шарифи Ҷарпар фаҳмидан хост Барзу.
– Ҳамаро махсуми Ҷонмаҳмад бурд, – гуфт ӯ.
– Куҷо бурд? Чӣ гуфта бурд? Чӣ ҳақ дорад як кас, ки бе иҷозати ман пояшро аз ин ҷо ба он ҷо гузорад? Ҳаминро магар намедонед?
– Медонем, ака, аммо онҳо намедонанд. Ба гапи махсуми Ҷонмаҳмад медароянд, вай худашро аз шумо калон метарошад.
– Дам шав, лаънатӣ, ман аз ту мепурсам, ки вай лаънатӣ чи гуфта бачаҳоро бурд? Магар ҳаминро нагуфт? Ту ҳаминро нафаҳмида г… мехӯрӣ? – Барзу чи тавр баён сохтани оташи қаҳру ғазабашро намедонист, пой ба замин, сар бар санг задан мехост.

пешина
аз 234
навбатӣ