Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нафаҳмидӣ ту? Чӣ гуфта бачаҳоро бурд? – Аз ту мепурсам лаънатӣ, гап зан.
– Як амалиёт ҳаст, гуфт.
– Чӣ хел амалиёт, ки бе маслиҳати ман мегузарондаанд?
Гап зан, ман девона мешавам.
– Медонед-ку, ака, вай ҳеҷ гоҳ чи гап будану ба чи кор машғул шуданашро намегӯяд. Бачаҳоро ба ҷанг мебараду баъд пай мебаранд, ки махсуми Ҷонмаҳмад онҳоро ба куҷо оварда. Вай, ака, мисли ману шумо содагӣ намекунад.
– Бас кун, фалокат, бас кун! Ман онаи зори ҳамаро барои худсарӣ дар чашмаш нишон медиҳам, разбор мешавад, мепаронам, – доду фарёди Барзу баландтар шуд.
Шарифи Ҷарпар, чанд нафар силоҳдори дигар бори аввал медиданд, ки Барзу ба чи ҳоле афтода. Сарашро бо ду даст дошта ба ҷояш нишаст, нурҳои офтобро, ки аз пеши рӯ парида ба паси кӯҳ мефуромад, намедид, садои шаршара, ки як-ду қадам дуртар аз ӯ аз танаи кӯҳ ҷорӣ буд, ба гӯшаш намеомад.
Чӣ гап шуда? Силоҳдоронаш аз баҳри Барзу баромада, зери фармони Ҷонмаҳмади лаин даромадаанд? Аз ӯ напурсидаанд, писанд накардаанд. На, ин масъаларо ин тавр намегузорад, ҳамаашонро ҷамъ меорад, чанд нафар ва фалокати Ҷонмаҳмадро сари тир мекунад, ба ҳама сабақ мешавад. Ба замми ин ҳодисаи нохуш, худсарӣ, нописандии силоҳдорони тобеаш шӯру мағали дигаре вайро домангир шуда. Ин ғалоғула дар сараш аз лаҳзае ҷойгир гашт, ки Мустафоро парронду як-ду қадам ниҳод. Вай рост мегуфтааст, ки «рӯҳи ман туро осуда намегузорад, аз ман халос намешавӣ. Ба ин дара нигар, аз дарахтони беҳисоб зиёд мурдаҳо, ҳамаи онҳоро ту куштӣ, онҳо ба забон меоянд, рӯҳҳо ба ту дармеафтанд, пеши назарат меоянд. Бо амри Худованд ҳамин тавр мешавад, бовар кун, ҳамин ҳоло, баъде ки маро мепаронӣ…» Суханҳои Мустафо ба гӯшаш меомаданд. Рост мегуфтааст.
Ӯ дар сараш ғалоғула андохта: «Ман гуноҳ надорам, онҳоеро, ки хонаатро ғорат карда, даст ба нангу номӯсат задаанд, намедонам. Қасам мехӯрам, Қуръон мебардорам, хунам ба гарданат, кӯр мешавӣ, ҷиннӣ мешавӣ», гуфтагиаш гуфтагӣ.

пешина
аз 234
навбатӣ