Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Эшони Сайидҷалолхон, духтараш Малика, усто Абдумалику фарзандаш, духтари бобои Раҷаб… Ҳама, ҳама аз пеши назараш дур намераванд. Вай арӯси таги чодар, номашро намедонад. Воқеа чунин буд. Бо силоҳдоронаш ба деҳаи Чилмазор расид. Тӯй будааст, тӯйи арӯсию домодӣ. Маст буд, беақлӣ кард, ба тӯйхона расида, аз миёни ҳавлӣ ба осмон тир кушод аз автомат. Дигар ҳамаи ҳамроҳони ӯ низ нӯки автоматҳоро ба осмон карданд. Парон-парон. Тӯякиҳо аз тарсу ҳарос ба кадом тарқиш руст шуданашонро намедонистанд.
Ларза дар дили арӯсу домод афтод. Ӯ худро ба арӯсхона зад, чодарро, ки аз матои кимхои сурхи ҷигариранг буд, аз девор канд. Аз ҳад зиёд маст, аз худ бехабар буд. Домодро парронд, чи кори нохубе кард. Дар ин мобайн арӯс аз хона гурехта будааст, Барзу аз пайи ӯ шуд, бечора духтарак дар ҳавли ҷон аз миёни ҷӯякҳои ток мегурехт. Барзу ҳаш-пашкунон аз пасаш.
Лаҳзаҳои ба ӯ расам-нарасам расида, даст меандохт, як бор дасташ ба мӯйҳои ӯ, бори дигар ба куртаи атласи вай расид, мисли гурги гурусна буд, дар дил ҳазор орзуе. Ӯ дар орзуе, ки ин арӯсаки таги чодарро ба бағал бигирад, бибӯсаду бибӯсадаш, сахт ба оғӯш кашад, баъд ҷое барад, ки Барзу бошаду ин гули тозаи очааш набӯсида. Давиданду давиданд, духтарак аз давидан сӯхт, бефара, пошиканак шуд, аммо вай ҳашпашкунон «ист-ист, мепаронам», гуфта аз паси ӯ медавид.
Илоҷи он бечора намонд, ҳис кард, ки аз ҳол рафтааст, дигар давида наметавонад, ҳамин ҳоло кораш тамом, ба дасти силоҳдор меафтад, аз афташ ба қароре омада, ки худро нобуд созаду дастгираш накунанд. Роҳашро дигар кард, тарафи ҷарии лаби сангоб, ки чанд қадам аз боғ ва аз ӯ дур буд, рӯ ниҳод ва лаҳзае пас на духтар менамуду на суроби ӯ. Худро аз ҷарии бетаг ба поён афканда буд. Баъд, вақте Барзу ба худ омад, ҳушёр шуд, афсӯс хӯрд, ки чи коре кард, аз ӯ хатое гузашт, як шаҳу арӯси ҷавонро ноумед сохт, ҳардуро кушт.
Ҳоло лаҳзаҳое, ки дуртар аз шаршара нишаста, дар ҳоли ногуворе буд, ана ҳамин, арӯси таги чодар, тӯйхона пеши назари ӯ буд, ғавғои куштагонаш ӯро дар сар. Мустафо, оҳ ин Мустафо, аз афташ ӯ вайро рӯз намедиҳад. Рост мегуфтааст, домангираш шудааст, куҷо равад?

пешина
аз 234
навбатӣ