Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ кор кунад, ки аз вай халосӣ ёбад. «Бегуноҳам ман, бовар кун, гуноҳ надорам, хунам ба гарданат мешавад, хуни дигар бегуноҳон ҳам, мо туро осуда намегузорем, девона мешавӣ, ҳа, девона мешавӣ», ин садоҳо дар сараш шӯр меангезанд. Чӣ роҳ ёбад, чӣ роҳи халосие, ӯро аз ин рӯҳҳо. Дафъ шаванд, раванд. Беихтиёр муште ба сари худаш фуровард, боз муште.
– Ака, ҷон ака, чаро ин қадар зиқу хафа шудед? Ба номи Худо, худам ин махсумакро саришта мекунам. Як ишора аз шумо шавад, мо ҳисоби ҳамаашонро меравем, мекушем, – Шарифи Ҷарпар хаёл дошт, ки Барзу аз кардаи махсуми Ҷонмаҳмад ин қадар асабӣ, хафаю бедимоғ шудааст.
– Худам мекушам инхелҳоро, худам, кам набуданд, се – чор нафар буданд. Аз ёдат баромад, вай муллобача, вай артист, вай ҳофиз… Ҳамашонро куштам, надида будӣ, Ҷарпар, аз ёдат рафтааст?
– Не, ака, дар ёдам ҳастанд.
– Инаш ҳам пайи онҳо.
Оре, он шахсиятҳои ба дунё меарзида, обрӯманд, худододро худи Барзу кушта буд. Дар ин лаҳзаҳо ба хотираш меомаданд онҳо. Ва Барзу, ки зери оби равони софу нуқратоб сангрезаҳо ҷило медоданд, моҳичаҳо болою поин медавиданд ва ӯ ин зебоиҳои оламро намедид, аз лаби ҷӯй хеста, болои санге нишаст. Автомат дар пеши рӯ, сар ба танаи он дар фикр буд.
Эшони Саидраҳмони сариҷӯӣ муллои овозадор. Ҳама ӯро мешиносанд, риши хурмоиранги зебо дорад, саллашро ҳамеша ба тарзе мебандад, ки дигарон ҳасад мебаранд. Одами банур. Мардумро насиҳат медиҳад, ки ба роҳи бад нараванд, нек бошанд, силоҳ нагиранд, ба гапи Барзу надароянд, баъд ӯ боз мегуфт, ки давру даврони Барзу ботил ва худи ӯ хоки роҳ мешавад. Душманоии рӯирост, аз душманони силоҳдор ҳам ӯ хавфнок, зараррасон фикр мекард, ки бо вай чӣ кунад, кушадаш? Ба манфиат намешавад. Мухлисону муътақидонаш беҳисоб, ба сари Барзу бало меояд, пеши даҳони кадом яки мардуми бисёрро гирифтан мумкин мешавад. Ба ақидаи худаш, роҳи ҳалли ин мушкилӣ, роҳи бастани пеши даҳони ӯро ёфт.

пешина
аз 234
навбатӣ