Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба деҳаи Сариҷӯ рафт. Домулло дар масҷид будааст. Ӯро дар алоҳидагӣ ба суҳбат кашид. Ҳар ду лаб-лаби ҷӯ таг-таги дарахтон қадам мезаданд, ниҳоят Барзу ба сари мақсад омад.
– Ҳазрати домулло, – гуфт ӯ. – Мо назди шумо барои як кор омадем, бовар дорем, не, намегӯед. Охир медонед-ку, мо ҳама баҳри ҳифзи дини мубини Ислом хестаем, барои шариат, мусулмонӣ. Мешунавед-а, бобои домулло, – боз ба эшони Саидраҳмон муроҷиат кард. – Шумо як пешвойи ҳама дар роҳи шариат, ё дурӯғ мегӯм?
– Фарз кардем ҳамин тавр.
– Дар роҳи Ислом мададатонро дареғ намедоред-а?
– То ҳадде аз дастам ояд.
– Мо ҳам ҳамин тавр фикр доштем, бобои домулло, хато накардем. Бо як мақсад назди шумо омадем.
– Чӣ мақсад?
– Махсуми Собирҷонро ба ихтиёри мо месупоред. Мо ҳама фарзандони мусулмон, аз он дунё умед дорем. Ҳамаамон намоз мегузорем, рӯза мегирем. Махсуми қорӣ Собирҷонро аз шумо металбем. Намозҳоямонро хонда диҳанд, мегӯем.
– Дар деҳаатон масҷид ҳаст-ку, мулло Барзу. Имомхатиб доред, намози боҷамоа мегузоред, – аз ин хабари ба қатори силоҳдорон гирифта шудани фарзандаш эшони Саидраҳмон ба ташвиш афтод. Эшон махсуми қорӣ Собирҷонашро ба ҷон дӯст медошт. Аз байни фарзандон ҳамин бачааш бо роҳи падар рафт, дар назди ӯ, дар мадраса хонд, қории Қуръон шуд, овози хуш дорад, бисёр мутолиа мекунад, серфаҳм. Ҷои ӯ бо падар масҷид, қаноти ӯ. Муаззин аст дар масҷид, азони панҷ вақт намозро ӯ мегӯяд. Дар овозаш садқа, ҷону дили эшони Саидраҳмон. Чи хел мешудааст, дар рӯзҳое ки мардум аз дидори силоҳдорон безоранд, нафрат мехонанд, ҷои гурез меҷӯянд аз онҳо, падар махсуми қорӣ Собирҷонро ба ихтиёри дастаи ғоратгари Барзу супорад, силоҳ гирад, одам кушад.
Мардум чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки дирӯз домулло онҳоро кофир мегуфту имрӯз фарзандашро силоҳдор кардааст, дар китфаш ба ҷои Қуръон автомат. Э не-е, намехоҳад.
– Чӣ гуфтед, домулло? – боз гап андохт Барзу.
– Бачаи маро ба ҳолаш гузоред, мулло Барзу, ман розӣ намешавам.

пешина
аз 234
навбатӣ