Ишқи сархӯр

– Розӣ намешавед? Гапи моро намегиред, домулло?
– Ҳа, ҳамин тавр.
– Домулло, медонед-ку, ин қаламравҳо дар ихтиёри мо.
Қонун ҳам худамон, қоида ҳам, як бор ба эҳтироматон аз назди шумо гузаштем. Медонед-ку аз ҳар хонадон якта ё дую се қурбон шудаанд. Ҳар рӯз то се-чор ҷаноза мехонед. Аз хонадони шумо ягон кас талаф шудааст? Ба ҷони қорӣ Собирҷон ҷабр мекунед.
– Ин хел нагӯед, қумандон. Кори нохуб мекунед, пагоҳ саволу ҷавоби ин амалҳо мешавад, аз азоби охират тарсед.
– Моро натарсонед, охират дар ихтиёри шумо нест, охират дур, имрӯзро гӯед.
– Астағфируллоҳ гӯед.
Эшони Саидраҳмон мегуфту Барзу. Масъала ҳал нашуд, дар охир Барзу ба сари эшон сиёсати зиёд карда, суханҳои қабеҳ ба забон оварда, бо ҳамроҳон ба табъи хираю оташинӣ аз масҷид берун шуд.
Эшони Саидраҳмон монду саҳни васеъи сабзазори масҷид.
Замину осмон ва чинорҳои баланди канори ҷӯи пуроб ба сараш гирдгардон. Балои ногаҳонӣ ба сараш омад. Аз он раҳоӣ номумкин. Чӣ кор кунад? Ё қорӣ Собирҷонашро гираду ба ягон мулки дигар равад, гуреза шавад? Аҳли оила, фарзандон, набераю абераҳо ҳама барояш баробари қорӣ Собирҷон азизанд, бо худ гирифта наметавонад онҳоро.
Овози азон аз долони масҷид ба фазо печид, махсуми қорӣ Собирҷон азони намози шомро мегуфт, рӯз торик мешуд.
Ҳамон шабро бо фикру андешаи фарзанд, бо тарсу ҳарос ба саҳар овард эшони Саидраҳмон.
– Қиблагоҳ, чаро шаб нахуфтед, чаро парешону хастаҳол шудед?
– Аз боиси ту, бачам, – гуфт падар ва баъд ҳамаи гапро ба фарзанд гуфту оби дида сари рухсораҳояш фуромад.
Пагоҳии дигар вақти офтоббаро махсуми қорӣ Сабирҷон аз хона баромаду то намози шом аз вай дарак нашуд. Ӯро силоҳдорони Барзу бурда будаанд.
Ба нохоҳамии махсуми қорӣ Собирҷон нигоҳ накарда ба китфи фарзанди домулло автомат бор карданд, ҳамранги либоси худашон ба вай либос пӯшонда, силоҳдорон деҳ ба деҳ ҳамроҳашон гардонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё