Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ку ваъдае, ки силоҳдорони Барзу намоз гузоранду вай пеш гузарад, намози онҳоро хонда диҳад. Ба худи ӯ ҳатто иҷозат намешуд, ки намоз гузорад.
Барзу мегуфт, ки ҷангиёнро майдони ҷанг ҷои намоз не.
– Қумандон, қарзи бандагиро ба ҷо оварданам лозим, – хоҳиш мекард аз Барзу.
– Ту парво накун, дар он дунё ҳам аз ман мепурсанд, – хилофи дину шариат ҷавоб мегуфт.
Ҳангоме ба гуфтаи силоҳбадастон ба ягон амалиёте мерафтанд, амалиёташон ғорат кардани хонадоне ё коргоҳу муассисае буда, махсуми қорӣ Собирҷон худро ақиб мекашид. «Одамкушӣ убол, гуноҳи қабеҳ аст, хуни одам ба гардан мешавад» мегуфт ва ба ягон-ягон силоҳдор ин афкорашро фаҳмонда метавонист. Вақте касеро пеши назараш мепарронданд, чашм мепӯшид, тавба-тавба гуфта гиребон мегирифт ва пинҳон-пинҳон намоз гузошта, ба бадали гуноҳҳо тавба карда, ба даргоҳи Худованд менолид. Ҳатто баланд-баланд изҳор мекард, ки Худо ба дили Барзу раҳм андозад, ӯ ба роҳи нек ҳидоят шавад. Ва Барзу аз ин хислатҳои муллобача ба ғазаб меомад. Ба хаёлаш, ки бачаҳоро ин одам аз роҳ мебарорад. Барзу ба онҳо бераҳмӣ меомӯзад, дар наздашон одам мепаронад, чашмашонро пухта кардан мехоҳад, ҷон меканад. Лек аз тарафи дигар таълимоти баръакс аз ҷониби ин домуллоча. Илоҷашро ёфтан лозим, коре шавад, ки вай ҳам одам кушад, қотили бераҳм шавад, қиблагоҳаш аз забон монад, дигар нагӯяд, ки силоҳбадастон кофиранд, Барзу кофир аст.
Боре ба ҳамин хотир аз рӯи одаташ чанд ҷавонро, ки аз куҷое оварда буд, қатор монду ба дасти махсуми қорӣ Собирҷон автомат дод. Фармуд, ки яки онҳоро паронад. Нигоҳи ҷавонон ҷониби ӯ шуда, аммо махсуми қорӣ Собирҷон ба онҳо нигоҳ карда наметавонист.
– Махсум, парон! – бо ғазаб фармоиш дод ба ӯ Барзу, аммо вай сар боло карда наметавонист.
– Ман ин корро намекунам, одам намекушам, гуноҳи азим аст одам куштан. Рӯзи қиёмат ҷавоб гуфтан лозим.

пешина
аз 234
навбатӣ