Ишқи сархӯр

– Ин хел нагӯй, қорибача, нагӯй, қиёмат-пиёмат нагӯй, бачаҳоро аз роҳ назан, таълим надеҳ. Парон, парон, ки худатро мепаронам, ба шири модарам қасам, мепаронам. Парон, ман ба ту мегӯям, парон!! – овози пурдаҳшати Барзу то ба дуриҳо мерафт, девона шуда буд, ки силоҳбадасташ гапи ӯро намегирифт, дар назди садҳо силоҳдоронаш обрӯи вайро як пул карданӣ. – Парон! Як-ду-се мегӯям, напаронӣ, худатро мепаронам. Дурӯғ намегӯям, парон! – қаҳру ғазаби Барзу аз ҳад гузашта буд, пой ба замин мекӯфт.
– Намепаронам, одам намекушам, ман мусулмонам, аз имон маҳрум намешавам. Шумоҳо, – махсуми қорӣ Собирҷон рӯ ба силоҳдорони ба хаёлаш бешумор овард, – шумоҳо ҳам, бародарони азиз, аз Худо тарсед, одам накушед. Ҳаргиз накушед! – овози махсуми қорӣ Собирҷонро садои тирҳои пайиҳами автомат пахш кард. Аз дасти ӯ автомат як сӯ афтод, ӯ рӯ ба замин шуд…
Лаҳзае гӯиё оламро хомӯшӣ фаро гирифт. Ҳозирин ҳама аз ҳодисаи дар пешашон рухдода шах шуда буданд. Худи Барзу ҳам хомӯш. Танҳо овозе шунида шуд: махсуми Ҷонмаҳмад буд, ки мегуфт:
– Барзу, кори нохуб кардӣ, қорӣ ҳайф шуд, нағз накардӣ.
– Махсум, ту як чиро фаҳм, баъд гап зан. Ҳамаи муллоҳои моро ҳамин хел паррондан лозим. Мулло муллои болообиҳо, онҳо бо силоҳдоронашон ҳамроҳанд. Муллоҳои мо чӣ? Ба мо душман, тарафамон намешаванд. Боз мегӯям, ки душман ҳам бошанд, таҳсин ба муллоҳои онҳо, – баъд воқеаи чанд рӯз пеш рухдодаро боз ба хотир овард. – Гӯш кун, махсум, – гуфт Барзу. – Ба хотир биёр, – таъкид кард.
Як мошин ҷавононро силоҳбадастони болообӣ аз куҷое оварда будаанд. Домуллоимоми деҳа ҳам ҳангоми қатли онҳо ҳозиру нозир. Ҷавонони ба талвосаи ҷон афтода бо умед ба домулло, ки дар сар саллаи сафед тасбеҳ мегардонд, зикри Аллоҳ мегуфт, рӯ овардаанд:
– Ҳазрати домулло, бовар кунед, мо гуноҳ надорем. Ба инҳо гӯед раҳм кунанд, моро накушанд, хоки поятон мешавем, худатон моёнро халос кунед, ҷон домуллоҷон, мадад расонед, – ҳамаи ҷавонон якҷоя пеши пои домулло афтодаанд, зорӣ кардаанд, мадад хостаанд, чашми умед ба вай бастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё