Ишқи сархӯр

– Чӣ мегӯед, ба ин набераҳоятон? Чӣ мефармоед? Гап занед, – силоҳбадастон бо заҳрханд ба домуллоимом муроҷиат кардаанд.
– Ҳазрати домулло, – боз овози имдодхоҳонаи ҷавонон баланд шуд.
– Ман чӣ мегӯям, бачаҳом? – овози ҷавонони дар лаҳзаи марг афтодаро гӯё нашунида, ба сарвари силоҳбадастон назар андохтааст.
– Гап занед, ҳазрати домулло, гап занед, – боз таъкид кард қумандон.
– Ман чӣ мегуфтам, бачаҳом. Инҳо ҳама воҷибулқатланд, – фатво дод домулло.
Ин ҳолатро Барзу назди ҳамсилоҳон, назди махсуми Ҷонмаҳмад аз нав ба хотир овард.
– Лаънатӣ, вай домулло номусулмон, бераҳм, ҷоҳил, худоношинос аст. Агар ба дастам ғалтад, Худо якаю ягона аст, худам он харришро мепаронам, – боз овози махсуми Ҷонмаҳмад баланд шуд.
Ҳунарпешаи машҳур буд Сайидризо. Сарвари Қасри фарҳанги ҷамоа. Дар Театри академӣ-драмавии ба номи А.
Лоҳутӣ дар бисёр асарҳои саҳнавӣ нақшҳо офарида, овозадор, обрӯманд, дар маъракаҳо ӯро аз Барзу болотар менишонданд, вале Барзуро чунин эҳтиром набуда. Назари ин артист ҳам ба ӯ нописандона аст. Шояд аз ҳамин ҷиҳатҳо буда, ки ба Барзу ӯ намефорид. Фикр мекард, ки ҳамин Сайидризоро ҳам ба дастааш бикашад, зердасташ шавад. Ба ӯ мегӯяд, ки нақшҳояшро дар саҳнаи зиндагӣ бозад, автомат дар китф назди мардум равад, тир андозад, одам кушад.
Бо ҳамин ниятҳо шабе бо чанд нафар ба хонаи ӯ рафт. Аз назди зану фарзандон пешандоз карда, вайро аз ҳавлӣ баровард. Артист ба воҳима афтод, хун дар рӯяш намонд, аз ҳарос худро гум кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё