Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Пагоҳ ба штаб биё, бо мо ҳамроҳ мешавӣ, – гапро кӯтоҳ кард Барзу.
– Раҳм кун, Барзуҷон, ту фарзанди худамон, солам ба ҷое расидааст, мардум чӣ мегӯянд? Хандасор мешавам. Маро ба ҳолам гузор.
– Ман ба ту чӣ гуфтам? Такрор кун, – ба ғазаб омад Барзу.
– «Пагоҳ ба штаб», биё гуфтед.
– Барвақтар биё, агар набиёӣ, бачаҳо ба сарат меоянд.
Ҳунарпеша дар вазъияти ногувор монд. Шабро бо фикру хаёлҳо ба саҳар овард. Ноилоҷ буд, фармоиши Барзуро ба ҷо наоварда наметавонист, вале ба ҳеҷ ваҷҳ силоҳ ҳам гирифтан намехост. Роҳ меҷуст, чи коре фармояд Барзу, ба ҷо овардан мехост ӯ, ба ҷуз силоҳ гирифтан. Пагоҳӣ дар ситод ҳозир шуд. Ҳанӯз худи Барзу наомада буд. Офтоб болои бому дарҳо афтода буд, ки Барзу омад.
– Омадӣ, артист?
– Ҳа, қумандон, амри шумо барои мо воҷиб.
– Хуб фикр кардӣ?
– Ҳа, Барзуҷон, лекин аз шумо як хоҳиш дорам, чи коре фармоед, ба ҷо меорам, хокистар парто гӯед, мепартоям, гирду пешро рӯб гӯед, мерӯбам, хидмат мекунам. Вале силоҳ намегирам, агар кушед ҳам, ихтиёратон.
– Майлаш, дар штаб ист. Хонаҳоро мерӯбӣ, тоза мекунӣ, барои бачаҳо чой дам мекунӣ, хӯрок мепазӣ.
– Хуб шудааст, – Сайидризо аз ҷой бархоста таъзим ба ҷо овард.
Бо ҳамин ҳунарпешаи машҳури ҷумҳурӣ дар қароргоҳи силоҳдорон хизматгор шуд.
– Артист, чой дам кун, аз чашма об биёр, пайтобаҳои моро шӯй, патинкаҳоро ҷобаҷо гузор! – ба ӯ фармоиш медоданд.
Ба ҷуз иҷрои амрҳои онҳо илоҷи дигаре надошт Сайидризо. Гоҳо баъди ду-се рӯз Барзую ҳамроҳонаш аз амалиёт бармегаштанд, дасти холӣ не, бо мошинҳои пури бори талаю тороҷ кардаашон. Гурӯҳ-гурӯҳ одамонеро ҳам меоварданд, ки дасту пойҳо баста, сару рӯй пури хун. Онҳо асир будаанд.
Маҳбасӣ мешуданд. Маҳбас хоначаҳои хурд-хурди девору фаршҳояшон пурнам, сақфи хонаҳо ҷо-ҷо сӯрох, дастакҳо пусида, бӯи заҳ, бӯи рутубат.

пешина
аз 234
навбатӣ