Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Асирон чанд шабу рӯз беобу нон ҳам мемонданд, аз хотир фаромӯш мешуданд, рӯзҳои рӯз «об, як қатра об» гуфта менолиданд. Сайидризо ҳоли онҳоро тасаввур мекард, дилаш месӯхт, ба онҳо як нон-ним нон ва об медод. Мавридҳое шуда, ки вай илоҷе ёфта ягон-ягон маҳбусро ба берун хонда роҳи гурез нишон медод, ин амалҳои ӯ овоза ҳам мешуд. Хидиралӣ ин овозаҳоро ба гӯши Барзу мерасонд.
– Артист, ман надидам-ку, лек гап шудааст, ҳушта ба сар гир, сари тир мешавӣ, ғами ҷони худатро хӯр, – сиёсат кард боре Барзу ӯро.
Рӯзе силоҳдорон бо як доду валвала, бо як фарёду фазаҳ ва шодмоние касеро зада-зада ба қароргоҳ оварданд. Барзуро суроғ карданд, вай куҷое рафта будааст.
– Командирро ёбед, гӯед, ки як бачаи Сайидхони чӯпон ба даст ғалтид, туҳфа, шодиёна диҳад, – чанд силоҳбадаст гӯё барояшон оламе насиб гашта, ки аз шодию хурсандӣ ҷои нишаст намеёфтанд. Сайдашонро дар байн гирифта мезаданд, яке бо анбур чанд ангушти ӯро шикаст, ба пойҳояш ишкел андохтанд, пешлагад карданд… Аз ҳуш рафт, пеши қотиллон рӯи замин афтод.
– Бачаҳо, шумо чӣ кор мекунед? Мекушед ӯро? Вай бояд зинда ба дасти Барзу ғалтад, зинда! Худаш бо ин ҳаромӣ гап мезанад, худаш, худаш орзу мекард, ки як нафари ин зот ба дасташ хӯрад. Аламдор аст, акам, аламдор, – бо фармоиши Шарифи Ҷарпар аз пою дасти он ҷавон, ки ҳанӯз ба ҳуш наомада буд, бардошта вайро ба хоначае бурда, аз дар ба дарун партофтанд. Баъд ҷавон ба ҳуш омад, ки оҳу нолааш баланд шуд, нолаҳои ҷигарсӯз, об мехост, «об, як қулт об», илтиҷо мекард. Давоми суханону нолаи он ҷавонро шунида наметавонист ҳунарпеша. Чӣ рӯзҳое ба сари ӯ омада. Фақат нолаю зории одамон ба гӯшаш. Шоҳиди марги даҳшатноки онҳо. Ба ҳоли ҳар якашон месӯзад, шабҳо хобида наметавонад, нолаи одамони гирифтори шиканҷа. Ана яки онҳо. Ӯ дар азоб. Пеши назар дид, ки нохунҳояшро бо анбур кашиданд, ангуштонашро шикастанд.

пешина
аз 234
навбатӣ