Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар умраш ӯ ин ҳолро надида, шоҳид нагашта.
Аз ҷои хоб бархост, берун баромад. Ҳама хоб, «оча, очаҷон!»
нолаи ҷавонро бараълотар мешунид. Назараш ба осмони дур, ба ситораҳо. Ӯ дар рӯи замин, бале, чӣ одамоне дар рӯи ин заминанд. Инсон ба инсон чӣ азобҳое раво медидаю заррае ба дилаш раҳм намеомада. Инсонҳо аз ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳам ваҳшитар. Ҳайвонҳои ҳамҷинс ба ҳамдигар чунин рафтору кирдор раво намедида, зоғ чашми зоғро накофта, аммо ҳунарпеша дид, ки ҳамҷинс ба синаи ҳамҷинс корд халонд, бо анбур нохунҳояшро кашид, ангуштонашро шикаст, беҳуш шуд ҷавон, аммо дилҳо хунук нашуда, ба сару рӯяш ба лагад мезаданд… Фардо шавад, Барзу ояд, ана баъд рӯзи сиёҳи ин ҷавон дар пеш. Субҳи рӯзи нав лаҳзаҳои охири зиндагии ӯ.
Чӣ мешавад, ӯ ба ҳамин одам ҷон бахшад, ӯро раҳо созад.
Баъд худи ӯро чӣ рӯзе пеш меояд? Гуреза мешавад, чапғалат меандозад, адиру пуштаҳо роҳаш мешаванд, ба шаҳр, ки расид ӯ озод. Тарафи хонае, ки ба дари оҳанинаш чанд қулф андохта буданд, рафт. Калидҳо дар дасташ, қулфҳоро кушод, ҷавон бо ҳарос аз ҷояш бархост.
– Гурез, ман туро раҳо кардам, гурез, – гуфт сухани дигаре ба забон наовард, худро ба даруни обкандае гирифт, пеш давиду пеш давид, ба обраҳаи таги теппа расид, боз як теппаро боло шуд. Як инсон аз тарси ҳамҷинси худ даргурез. Мӯи баданаш меларзад, пеши роҳаш торик, меафтаду мехезад, рӯ ба дуриҳо медавад, ҳалқаш хушк шуда, забон дар комаш часпида, қатрае об мехоҳад. Аммо дар он дашту теппаҳои беканор, ку об? Ку ҷои овозрас? Миёни он дашту теппаҳо ҷонзоди дигаре не, як ҷон, як инсон. Медаваду меафтад, мехезад, дод аз дасти ҳамҷинси хеш. Аз он дар ҳарос, аз он даргурез, шод аст, ки шаб торик, аз балою ҷину аҷина, аз гургу ҳайвонҳои даранда ӯро парвое не, тарсаш фақат аз инсон, Худо мегӯяд, ки ба ягон нафараш вонахӯрад, мехоҳад шаб равшан нашавад, шаб ба рӯз нарасад. Ӯ бо ҳамин хаёлҳо боз як теппаро боло шуд, ки пеши назараш чароғҳо намудор гаштанд, беҳисоб буданд. Чароғҳои шаҳр, шаҳри ситоразор, оҳи сабуке кашид, дастонаш дар миёну чашмаш ба чароғҳо, ба осмони софу беғубори нуқрагун, ба ситораҳо, ки кам монда буданд, ба равшание, ба равшании субҳи рӯзи нав.

пешина
аз 234
навбатӣ