Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъде ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нооромӣ, ноосудагӣ сар зад, Муҳаммадвалии ҳофиз бо аҳли оилааш аз Душанбе ба деҳаашон кӯч баст. Ҳатто аз масъулони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ хоҳиш кард, ки минбаъд овози ӯро нашунавонанд. Дилаш тоб намеовардааст. Аз омадани ҳофиз дар деҳаҳои ҷамоаташон хурсанд шуданд. Охир овозаи ин фарзанди накӯномашон ба олам. Вақте овози ширини ӯ аз радио ё телевизион баланд мешуд, «Муҳаммадвалӣ мехонад, хап шавед, Муҳаммадвалӣ мехонад», гуфта ҳамдеҳагон бо як олам ифтихору қадрдонӣ кӯдаку чӯдакҳоро хомӯш карда гӯш ба ӯ медоданд, лаззат мебурданд, ифтихорманд буданд, ки ҳамин хел як овозхони нотакрори ҷумҳурӣ аз маҳалли онҳост. Нағз шуд, ки ӯ омада. Обод мекунад тӯю маъракаҳояшонро, дар рӯзҳои нохушӣ ғамбарорашон мешавад. Вале ин тавр нашуд.
Аз хона намебаромад ҳофиз, даъват ҳам, ки кунанд, ба ҳеҷ куҷо намерафт.
– Чаро суруд намехонӣ, ба тӯю маъракаҳо намеоӣ, мо ҳама шефтаю шайдои овози ту ҳастем, дӯстат медорем, Муҳаммадвалӣ, – мегуфтанд ҳамдеҳагон.
– Медонам, мефаҳмам, садқаатон мешавам. Лекин наметавонам. Вақти дилхушиву суруд гузашт. Чӣ хел суруд мехонӣ, ки…
Муҳаммадвалӣ баъд ҳодисаю нохушиҳои дар ҳамин деҳаи худашон гузаштаро ба хотир меовард.
Ҳамсояашон Нуруллои магазинчӣ бо ду духтари пайи қинғола ва завҷааш дар мошини худаш аз шаҳр меомадааст.
Силоҳдорон ба онҳо чӣ карданд? Мардум намедонанд? Мошинашро аз роҳ гардонда ӯро ба лаби дарё бурдаанд, пеши назараш ба завҷаи ӯ, ба ҳар ду духтараш дастдарозӣ кардаанд, баъд ҷасади ҳамаашонро ба дарё партофтаанд. Боз ҳофиз шунида, ки дар деҳаи Гандумпоя як силоҳдор аз даре даромада мебинад, ки духтари зебои қоматбаланде ҳавлӣ мерӯбад.
Ҳушу хаёлаш банди ӯ мешавад, ба дил ширин мекунад духтарро, ҳавасаш ба вай меравад, шавқаш баланд мегардад, наздики пешайвони баланд мешавад.

пешина
аз 234
навбатӣ