Ишқи сархӯр

Мӯйсафед ва пиразанеро мебинад, ки болои манҷа рӯ ба офтоб нишаста чой менӯшанд.
– Бобӣ, оҳой, бобӣ, – силоҳдор пештари дар меояд. Мӯйсафед камондорро дида, бо тарсу ҳарос аз ҷой бармехезад.
Силоҳдор давом мекунад:
– Ман ҳамин духтаратона мебарам.
– Чӣ мегӣ, бачам, куҷо мебарӣ духтарма?
– Наҳаросе, як тӯй мебарам, вай рақс мекуна, баъд мебиёрам.
– Не, бачам, ба ҳеҷ ваҷҳ ин хел кор намекунӣ, вай духтари мо рақс карда наметавонад.
– Ҳа, бачам, додош рост мегӯва, ин духтари мо як ҳайвонай, аз дасташ ҳеҷ кор намеояд, дарози камақлай. Садқат мешам, пеши пойҳот мемурем, мо ғайри ҳамин духтармон касе надорем, бебачаем, моро ғам нате, – модар ба гиряву нола медарояд.
Духтар сар набардошта, ба поёнтари ҳавлӣ, зери дарахтони зардолу меравад ва рӯфту рӯбашро давом медиҳад, хазонрезаҳоро мерӯбад. Силоҳдор аз дарвоза хориҷ шуда, ба паси девор мегузарад, духтарро аз поёни ҳавлӣ мерабояд. Падару модари духтар – пиру кампир сар ба дару девор зада, духтар мекобанд.
Ин рӯйдоду ҳодисаҳои мудҳишро аз нав ва аз нав назди ҳамдеҳагон ба забон оварда, баъд ҳофиз мегуфт:
– Мардум хун мегирянду ман суруд хонам? Ҳамин тавр мегӯед? На, на, ҳаргиз, олам торикистон шудааст, олам дар гирифтааст. Ман суруд хонда наметавонам. Дилам бардошт надорад, – ӯ мегирист, пеши назараш ҳаво тираю тор, пурабр, боду борон, борони баҳор мисли оби дидаи мардумон.
Як рӯз ба сараш бало омад. Силоҳдорони Барзу ба масҷиди деҳа даромада, дар саҳни сабзазори он базму бозӣ оростанд.
Ҳама масту аласт, нашъаманд, беҳурматӣ ба оромгоҳу мазор ва мақбараи бузургон. Ҳатто чанд зану духтар оварда буданд.
Аз Худованд, аз бандагонаш, аз арвоҳ, аз мазор, ибо накарда, занону духтаронро ба рақс дароварда бетарҳию бесатрӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё