Ишқи сархӯр

Ҳайҳуяшон ба осмон. Дар ҳамин лаҳзаҳо ба ёдашон Муҳаммадвалии ҳофиз расида.
– Канӣ вай ҳофиз, дар куҷо вай? Гӯед, биёяд, ҳангоҳунг кунад, мо чорта дами беғам занем, ёбед ӯро, аз номи ман гап занед. – Барзу бо фарёду фазаҳ фармоиш дод. Ба ноомади кор Муҳаммадвалӣ ҳамон лаҳзаҳо дар хонааш буд. Лаби ҷӯи миёни ҳавлӣ нишаста, чашм ба оби равон навое менавохт, алами дил мегуфт.
– Хез, ҳофиз, пеш даро! – силоҳдорон ба ӯ наздик нашуда фармоиш доданд.
– Куҷо? Чӣ гап, бачаҳо? – Муҳаммадвалӣ тор дар даст аз ҷой бархост.
– Баъд мефаҳмӣ.
– Бачаҳо, агар маро ба ягон маърака бурданӣ бошед, намеравам, ман хонда наметавонам.
– Медонем, кайҳо боз овозат намебарояд, ба марги ҳамдеҳаҳоят мотам гирифтаӣ. Лекин имрӯз нахонда наметавонӣ.
– Намехонам, бачаҳо, наметавонам.
– Мехонӣ, булбул мешавӣ, гапа кам кун, ба роҳ даро.
Силоҳдорон ҳофизро гоҳе тела дода, гоҳе аз гиребонаш кашида, базӯрӣ назди Барзу оварданд.
Барзу наздиктари ҳофиз омад.
– Ассалом, қумандон.
– Чӣ аҳвол дорӣ? Мегӯянд, ин вақтҳо дамат ба дарун задааст, мотамдор шудаӣ? Бачаҳот дар пешат ҳастанд? – писарони ӯро, ки ҳарду пайрави падар, дар Донишкадаи санъат таҳсил доштанд, ба хотири ҳофиз овард Барзу ва афзуд:
– Онҳоро наовардӣ? Бин, мо ин ҷо базм дорем. Худат хон, бачаҳота ҷеғ зан. Ҳа, тора гир!
– Барзуҷон, бовар кун, кайҳо боз ман дигар намехонам, хонда наметавонам.
– Шунидем, мегӯянд, бачаҳои мо ба ту маъқул нестанд.
– Ин хел нагӯй, Барзуҷон, падари туро ман медонам.
– Гапа ҳар тараф набар, кадом сурудата мехонӣ? Ба мо ҳамон сурудҳои «Ай дараи Камаров анор овардам», «Чорзарб», ё ҳамон шеъри «Ай, сорбон» маъқуланд, ҳе, ба Худо ҳамаи оҳангҳои ту фораманд, ту ҳофизи зӯрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё