Ишқи сархӯр

– Барзуҷон, бовар кун, наметавонам, – торро ҳофиз аз даст ба рӯи сабзаҳо гузошт.
– Хон, сарам гарм шуд, ягон бало аз сар мешавад, хон.
– Барзуҷон, маро куш, дар назди ана ҳамин одамон куш, ба марг розиам, зиндагӣ ба дилам задааст, аз ту норизо намешавам.
Онҳое, ки аз сари дару деворҳои масҷид, аз болои бому дарахтон назар доштанд, сокит монданд, дам ба дарун шуданд.
Ҳама дар хаёле, ки Барзу чӣ мегуфта бошад. Лек вай дам ба дарун ин сӯ он сӯ қадам мезад. Фикр мекард, ҳофизро паронад, ба базму бозӣ омин гӯяду равад. Вай ҳофизи халқии ҷумҳурӣ, баъд сурудҳои вай ба худи Барзу писанданд. Гоҳе танҳо монад худ ба худ «Ай дараи Камаров»… «Эй сорбон» – ро замзама мекунад.
Сурудаш ҳофизро аз дасти қотил раҳонд.
– Марг мехоҳам, ба маргам розӣ ҳастам, гуфтӣ? – ниҳоят рӯ ба ҳофиз истод Барзу.
– Барзуҷон, фикр накун, ки барои ту ва ҳамроҳонат шуда суруд намехонадагӣ шудам. Дар Душанбе хабарҳои нохушро шунида, зиста натавонистам. Оҳанги суруду мусиқӣ дигар ба гӯшам нафорид. Ба куҷо рафтанамро надонистам, деҳа омадам.
– Дигар намехонӣ? Қасам хӯр.
– Ҳамин рӯзҳо дилам хун аст.
– Дафъ бушав, аз назарам! Буфаҳм, ки ту гапи мана нагирифтӣ. Аз хотир набарор, агар шунавем, ки дар ягон ҷо овозта баланд кардӣ, аз даҳонат мепаронам, – бисёр суханҳои қабеҳ гуфт, чанд лагад ҳам зад ҳофизро Барзу.
Ҳукуматиҳо яке паси дигар ба деҳаҳои таги кӯҳ медаромаданд. Дар ихтиёрашон мешуд деҳаҳо. Силоҳдорони Барзу дар гурез шуда буданд, аз тарс дар кадом тарқиши сангу калфи кӯҳ пинҳон шуданашонро намедонистанд. Тарс балои ҷон.
Дар сари кадом як теғаи кӯҳ, ки бузҳои кӯҳӣ баромада наметавонистанд, ҷой ёфтанд, дар баландиҳои яктора, ки аз он ҷо деҳаҳо, одамон, бому дар, то мурғҳои рӯи ҳавлиҳо пеши назарашон намоён. Нишонгирҳо агар мехостанд, одамонро чут гирифта қир мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё