Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз он нишонгирҳо худи Барзу буд, ки ҳамроҳон ба ин ҳунари вай қоил буданд, яки дигар бачаи муаллимаи забони русӣ Славик. Баъди нооромиҳо вай ҳам ба дастаи Барзу ҳамроҳ шуд, Барзуро ака мегуфт.
Вафодор. Хизмат кардааст. Ба ҳамин Славик чор зан доданд, ҳамаашон зебою хушрӯ, якеаш духтари имомхатиби деҳа, бибиотун. Бо зарби силоҳ Барзу онҳоро аз ихтиёри волидайн рабуда. Аз тарс онҳо бо Славик зиндагӣ доранд, аз тарси бародар, падару модарон, ки онҳоро напаронанд, накушанд.
Хеле хуб буда, ки Барзуино дар ҳамаи деҳаҳо одамони худӣ дошта, ҳатто дар миёни аскарони ҳукуматӣ ҳам, ҳар гапу ҳарфро хабар медиҳанд, одамони тарафи ҳукуматиҳо шударо ҳам. Кадоме ба онҳо салом диҳад, хуш пазироӣ кунад, гарм истиқболашон намояд, бо бачу качаш кушта мегардад.
Охир ҳукуматиҳо ҳар яки ин одамонро ҳамеша бонӣ карда наметавонанд. Боз деҳа ба ихтиёри бачаҳои Барзу мегузарад, рӯйхати хиёнаткорҳо дар дасти бузҳо, бузҳои Барзу… Яки ин бузҳо муаллим Хидиралӣ. Ин муаллим дар бузӣ як бало, мислаш нест. Бузи маълумоти олидор, муаллим, зуд бо ҳукуматиҳо забон меёбад. Охир ба муаллим бовар накарда, ба кӣ бовар кунанд онҳо? Ҳунаре, ки ӯ дорад, шайтон надорад, ба таги пӯсти одам медарояд, фоидааш ба Барзу зиёд. Номаъқул кардааст Мустафо, ки вай ба Барзу ҳам хиёнат мекарда, туҳмат. Хаёли Барзуро бузҳояш рабуда буд, ки телефонаш садо дод.
– Ало, ало, додар, ало…
– Ҳа, ман гӯш мекунам, ман Барзу.
– Медонед-а, ҳазрат?
– Чиро медонам?
– Ҳукуматиҳо Хасдараро ҳам гирифтанд.
– Дида истодаам.
– Дар боло ҳастед?
– Гапатро гӯй.
– Ҳамаро ҳукуматиҳо дар майдони таги чашма ҷамъ карданд. Дар ин ҷо як базму бозии мардуми Хасдара. Хасдарагиҳо тарзе ҳукуматиҳоро пешвоз гирифтанд, ки дар дигар ҷойҳо ин хел нашуда. Мебинед онҳоро?

пешина
аз 234
навбатӣ