Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, мебинам.
– Дар ёдатон ҳаст?
– Чӣ?
– Муҳаммадвалии ҳофиз.
– Ҳа.
– Гапи шуморо нагирифта буд.
– Ҳа, ҳа.
– Агар дида тавонед, як ба майдон нигоҳ кунед. Эҳа, ҳамин ҳофиз корҳое карда, ки… «Мо озод шудем!», – гуфта ба чор тараф ҷор андохт, ба ҳукуматиҳо гулу гулдаста тақдим кард, дар хонааш пеши пои онҳо пойандоз андохт. Ҳоло дар лаби чашма барои онҳо базм оростааст. Халқ ҷамъ. Ҳар ду бачааш дар паҳлуи ӯ. Ана овозу мана овоз. Ҳама дар ҳайрат, ки чаро дар назди шумо нахонду назди ҳукуматиҳо булбул, ҳатто дар ҳофизиаш шуморо масхара карда истодааст.
– Бас, бас, бовар намекунам! Аз ҳад гузарондӣ, муаллим, дурӯғ мегӯӣ.
– Дурӯғ гӯям, ҳазрат, занам се талоқ.
– Бас, бас, ҳозир худам мебинам.
– Бинед, одамони Хасдараро бинед, ана баъд худатон бовар мекунед.
Барзу ва ҳамроҳонаш пас-паси сангҳо ростою гаваккашон рӯ ба деҳаи Хасдара шуданд, бо дурбин назар карданд. Дар деҳа як ташвишу таҳлукае. Хурду калон сӯи майдони назди чашма, ки ҷои хушманзара, сабзазору ангурзорест, мерафтанд, баъзеҳо медавиданд, селаи одамон дар майдон ҷамъ.
Гирду атроф пур аз ҳукуматиҳо. Гӯё замин кафидаю онҳо баромада. Дар ҳама ҷо мошинҳои зиреҳпӯш, танк. Аз нигоҳ ба ин манзара ба дили бачаҳои Барзу тарсу ҳарос афтода. Вале назари Барзу ҳанӯз ба тӯдаи одамон. Ҳама гирд омадаю дар пешгоҳ ҳофиз Муҳаммадвалӣ. Дар даст тор, дар дасти ҳар ду бачааш, ки дар паҳлуяш буданд, доира. Доира мезаданд, падар суруд мехонд, мехонду дар майдон рақс мекард. Оҳ, чӣ хурсандӣ ва шодмоние дошт ӯ. Гӯё дар қафас будаю озод шуда. Рақсида-рақсида, суруд хонда назди силоҳдорон ва яки онҳо, ки дар пештар меистод, аз афташ қумандонашон буд, омада, ба вай таъзим карда, қомат хам карда боз рост мешуд.

пешина
аз 234
навбатӣ