Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муҳаммадвалии ҳофизе, ки дирӯз назди Барзу ва одамони вай муши мурда буд, мурду забон накушод, «Наметавонам, дилам намебардорад» гуфт, ҳоло дар пеши душманони Барзу рақсону ғазалхон. Барзу чаро ӯро накушт? Напарронд? Раҳмдилӣ кард. Бори нахуст хато кард. Ана, раҳмдилию андеша дар ҷанг ҷанговарро ба чӣ ҳол меовардааст… Дар ин масъала бачаҳо баъзан ба ӯ «маслиҳат» медиҳанд.
– Славик.
– Лаббай.
– Мебинӣ? Мебинӣ, ки Муҳаммадвалӣ он рӯз гапи маро нагирифту имрӯз чӣ рақсу бозӣ дорад?
– Мебинам, ака, – дар чашм дурбин гап мезад Славик. – Чӣ мефармоед? Нишон гирам?
– Худам вайро мепаронам. Ту бачаашро, баробар тир мекушоем, баробар. Ҳа, биё, – ҳангоме ки Муҳамадвалӣ боз назди қумандони ҳукуматиҳо омада, тор дар даст рӯ ба ӯ суруд мехонд, Барзу адли пешонаашро нишон гирифт. Дурбин ҳофизи аз марг бехабарро пештари вай меовард, – Славик, – тайёр ҳастӣ?
– Ҳа, ака.
– Буҷуқ курока…Муҳаммадвалии ҳофиз ва писараш Саидбек аз пой афтоданд. Дар як дам ба болои маърака гӯё оби сард рехт. Ҳама дар гурезогурез, дар ғами ҷон. Майдон монду ду ҷасад, ҷасади ҳофиз ва фарзанди ӯ.


Аз ҷой бархост Барзу. Автоматро ба китф гирифт. Шарифи Ҷарпар ва чанд нафар нигаҳбонҳои ӯ, ки аз наздаш дур нашуда, сари роҳи калон қадам мезаданд, пештараш омаданд.
Роҳи калон мисле ки об зада, рӯфта шуда. Ҷонзоде аз он намегузашт, аз ду тараф, то ба дуриҳо силоҳдорон онро банд карда буданд. Мошинҳои беҳисоб аз ду ҷониб ва одамон ҷамъ омада. Мешуниданд, ки Барзу роҳро банд карда. Ку касеро ҷуръат, ки ба роҳ қадам монад ё мошине ба ҳаракат дарояд.
Гӯё Барзу бо силоҳдоронаш машқ мегузарондааст. Ҳатто ҳангоми дар роҳ будани мошини Барзу, ки ранги ба ранг буданд, ҳеҷ мошини дигаре ҳақ надошт аз вай гузарад. Баъзан дидаю дониста ӯ мошинашро оҳиста, хеле оҳиста ҳай мекард.

пешина
аз 234
навбатӣ