Ишқи сархӯр

Мошинҳо аз паси мошини вай ҳамел. Аз вай пеш гузаштан номумкин. Одамон шоҳид шуда буданд, каси аз мошини Барзу гузашта ба чӣ рӯзе гирифтор шуда. Як ҷавони солҳои сол дар муҳоҷират, дар Русия буда, аз вазъият ноогоҳ аз мошини Барзу гузашта ҷазояшро дидааст. Бо автомат мошини ӯро тирборон кардааст, гӯши ҷавонро буридааст, ҷарима андохтааст, мошинашро гирифтааст, худашро парронданӣ шудааст, ки Шарифи Ҷарпар ба миён даромадааст, ба вай ҳамдеҳа буда ӯ.
Ё воқеъаи дигаре. Имомхатиби деҳаи Барзу-мулло Мурод ва чанд шогирдаш қарибе аз намози иди Қурбон мемондаанд, дертар ба роҳ баромада будаанд. Худи мулло Мурод паси чанбараи фармон. Мошинҳо дар пеш қатор, оҳиста ва хеле оҳиста мерафтанд, дар пеш Барзу. Домулло, ки як меҳрубони Барзу буда, ӯро «бутам» мегуфта, барои аз намоз дер намондан бо дили пур мошинро тезтар ҳай карда аз Барзу гузаштааст. Гузаштаасту ба бало мондааст. Барзу мошини домуллоро манъ кардааст, аз гиребони ӯ гирифта аз мошин берун кашидааст, рӯ-рӯи роҳ кашола кардааст, ӯро рост гузоштааст, қайчӣ гирифта ба оҳу нола, зорию илтиҷои мӯйсафед эътибор надода, ними ришашро аз бех буридааст, қабзаи риши барфосои ӯро ба дасташ додааст.
Ана, ҳамин хел корҳо карда Барзу. Баъди ин ҳама ҷазоҳои гӯшношунид, ку одамеро ҷуръат, ки аз ӯ натарасду чашмаш аз вай хам нахӯрад. Не, ин қабил одамон дар ҳамон обравҳо набудаанд.
Барзу хастаю монда шуда буд. Сараш пурғавғо, ғавғои Мустафо, аз пеши назараш ин симо дур намешуд, ғавғои рӯҳи онҳое, ки дар Дараи Марг як-як парронда буд. Ҷои раҳоӣ аз рӯҳҳо намеёфт, ба замми ҳамаи ин дод аз дасти махсуми Ҷонмаҳмад, дод аз нописандиҳои вай. Силоҳдорони вайро бепурсиш гирифтаасту бурдааст, амалиёт доштааст. Ваҳ, чӣ нописандие! Бояд роҳ ёбад, аз ӯ халос хӯрад, бигӯяд ба зердастонаш: «Ман Барзу», алови чашми онҳоро ҳам мегирад, аз вафодорӣ ҳар кадом қасам бихӯранд, лаҳзаҳои қасамёдкунӣ меорояд. Ҳангоме ки дилаш чун пушти дег сиёҳ буду офтоб ким-кайҳо ғуруб карда, домани кӯҳ бо пардаи торикӣ печонида мешуд, ба назараш ҳама ҷо тира ва дилгир тофт, тарафи мошинаш қадам монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё