Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз чанд рӯзи дар ҳар куҷо ва қароргоҳ хуфтану хестан ва пас аз нохушиҳои имрӯз аз сар гузарондааш дилаш кашоли хонаашон шуд. Дар ҳавлӣ ҳам кӣ монда? Ҳавлию хонаҳое, ки бо Осиямоҳ, бо падар, бо омадурафти хешовандон пур буд, имрӯз мисли мазористон. Падараш ҳам хело вақтҳост, ки сарашро гирифта рафта. Шиносҳою наздикон ва ҳатто ҳамсояҳо қадам намегузоранд. Як модари сарсахташ монда. Ба гуфти худаш, аз ғаму алам, озорҳои аз дасти фарзанд ба сараш омада мӯйҳои сараш сап-сафед шуда, чашмонаш чукида, қоматаш чун дол гашта. Ҳанӯз ба пирӣ нарасида, асобадаст шудааст. Бале, ҳоло дилаш майли хона кардааст.
Қариби ними шаб буд, шаби торик, ки кас пеши пояшро намедид, осмон пурабр, шима-шима борон меомад, Барзу бо дастаи посбонон ва қатори мошинҳои сиёҳшишаю гуногунтамғаи хориҷӣ ба деҳа ва баъд ба кӯчаи худашон даромад.
Кӯчае, ки сангу сангрезаҳои зери по, ду-се дарахти беду сафедори қадимаи дар лаби ҷӯйҳои ду канори роҳ монда шоҳиди давраҳои хурдсолӣ, мактабхонӣ ва даву този ӯ бо бачаҳои ҳамсоя буданд. Имрӯз аз ҳар қадами ҳамон тифл бало хезад, ӯ одамкуш, як фарди ваҳшӣ, аз вай ҳама дар ҳарос, дар гурез.
Барзу аз мошин фуромада, дар ҳоле ки гурӯҳи силоҳдорон бо сарҳои хам ӯро бо ҳурмату эҳтироми беандоза нигаҳбонӣ мекарданд, пеш-пеши онҳо гурс-гурс қадам зада, дар паси дарвозаи рангисабзхурдаи оҳанин истод. Онро тела дод, чун ҳамеша дар аз дарун руст, қуфл. Баъди, он ки чанд бор силоҳдорони номаълум ба ҳавлӣ даромаданд ва, хусусан, баъде, ки хонаашон сӯхту аз Осиямоҳ монданд, модар дар набудани Барзу эҳтиёт мешавад, рӯзҳо ҳам дарвозаро руст мекунад, қуфл меандозад. Ҳарчанд ки силоҳдорони Барзу гирду атрофи деҳаро посбонанд, дидбонгоҳҳо ҳастанд, вале дили модар дар ҳарос, тарс хӯрдааст.
Бо овоз равшан кардани Барзу модар дарвозаро кушод.
– Омадӣ? – чанд рӯз боз бемор, ки буд модар, бо азоб рост меистод.

пешина
аз 234
навбатӣ