Ишқи сархӯр

– Ҳа, очаҷон.
– Очаҷон нагӯй, ту чӣ фарзанде шудӣ барои ман ва падар?
Дод, сад дод аз дасти ту. Ҳама аз ту нолон, домангир, ҳамсояҳо бо ман гап намезананд. Бачаҳояшонро бурдӣ, нобуд шуданд, хонаи эшони Саидҷалолхон чулмарг шуд, духтарашро ҳам куштӣ. Пири мо буданд падару бобоҳои онҳо, пири падарат буданд онҳо.
– Оча, ҷон, очаҷон, нагӯй ин гапҳоро, нагӯй!
– Имрӯз чӣ кор кардӣ? Муаллим Мустафоро куҷо бурдӣ?
Модари зораш саркану покан наздам омад, «дугона, дугонаҷон, бачам, Мустафо» гуфт. Ҳеҷ чиз гуфта натавонистам, падарат дар ба дар, ҷои хоб мекобад. Ҳамин азобаш бас набуд, ки вайро қапиданд. Войи мардакам, мардакҷони хорузоршудаам, вой, вой.
– Чӣ гап шудааст, оча? – хавоси Барзу парешон шуд.
– Падаратро бурданд.
– Оча, ту ҳуш дорӣ, чӣ мегӯӣ?
– Ҳа, ҳуши ман дар ҷояш, ту бало шудӣ ба сари падар, ба сари модар, ба сари раҳматии Осиямоҳ.
– Гап зан, оча! – ба такрор мепурсид Барзу. – Киҳо бурданд отама, куҷо бурданд? Сафсата нагӯй, гап зан!
– Сиёҳдарагиҳо.
– Дар деҳа ҳеҷ гап нест-ку.
– Ба Лолазор рафта буд.
– Кӣ гуфт? Аз куҷо фаҳмидӣ ин гапа?
– Муаллим Хидиралӣ омада, хабар овард.
– Барои чӣ ба худам телефон накардааст?
– Гуфт, ки аз додарам метарсам. Боз гуфт, ки то рафтани бачаҳои Сиёҳдара ба Лолазор наравӣ. Вай ғами туро мехӯрад, «додарам», мегӯяд.
– Фаҳмидам, оча. – Барзу низ аз муаллим розӣ буд.
Барзу аз пайи батафсил фаҳмидани ҳодисаи ба падараш рухдода афтод. Чанд нафарро ба Лолазор фиристод.
Бобои Абдукарим зӯъмӣ карда, аз ҷои нишасташ, аз болои хараки назди мағоза нахест. Мӯйсафедҳои дигар, ҳамроҳони ӯ, аз бало ҳазар гуфта, ҷонашонро каҷ карданӣ буданд.
– Абдукарим, намехезӣ? – пурсиданд аз вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ