Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, ба ҳеҷ кас бадӣ накардаам, ба ягон тараф ҳамроҳ набудам. Ё мисли шумоҳо майдоннишинӣ кардам? Пурсанд, ҳамин хел мегӯям.
– Ба кӣ ин гапҳоро мегӯӣ?
– Ба ҳукуматиҳо.
– Ту, Абдукарим, ба Худо девона шудаӣ… Гуфтему сад бор мегӯем, ки инҳо ҳукуматиҳо нестанд, ки майдону пайдон, ё коммунистам гӯӣ. Коммунистам гӯӣ, аз даҳонат мепаронанд. Инҳо бачаҳои Сиёҳдараанд. Нашунидӣ магар, Сиёҳдара, овозаашон ба олам рафтагӣ. Ҳама чи доранд, аз ҳукуматиҳо зиёдтар танку тиру тӯп доранд.
– Аз куҷо ёфтаанд?
– Худта босавод мегирӣ, коммунистум, иштирокчии ҷангум мегӯӣ. Балоя намефаҳмӣ. Ба онҳо як ҷумҳурии ҳамсоя ҳама чиро додааст, аскар ҳам додааст.
– Ҳамин хел мегӯянд.
– Бин, нигоҳ кун, омаданд. – ба роҳи поёни деҳа ишора карданд. – Танкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш, боз чи балоҳои дигар, силоҳдорони бешумор…
– Қавму халқҳои Сиёҳдара ҳам одаманд, ба хонаҳошон рафтуомад доштам. Иштирокчии ҷангам, як марди пирам. – падари Барзу ба фикру хаёлҳои худ банд буд. Бовар намекард, ки ба сари як марди кӯҳансоле мисли ӯ касе мушт мебардорад. – Мо ҳам ҷангро дидаем, – афзуд ӯ, – орденҳояшро ба сари синааш зада буд, дилаш пур. Ба бачаҳои ҷанговар гуфтанӣ буд, ки вай ҳам ҷанг кардааст, дар дараҳои Ромиту Сиёҳдара, соҳили Кофарниҳону водии Вахш, Раштонзамину Хатлон не, балки дар кишварҳои дур аз Ватан, аз Русия ҳам берун, дар Полшаю Чехословакия ва Германия, дар мамлакатҳои бегона, Ватан гуфта бобои Абдукарим ҷангид ва аз ёдаш намеравад воқеае.
Тир хӯрд. Чанд шабу рӯз дар майдони ҷанг, дар қатори мурдаҳо хобид. Бегонаҳо ӯро кашолаю пуштора карда, ба беморхона бурданд, табобат дид. Аҳсан, офарин хонданд ба ӯ.
Вай аз худ бехабар, танҳо дар майдони ҷанг корнома нишон дода будааст, беҳуш будаасту тир мекушодааст, гранатаҳо ҳаво медодааст ба ҷониби танкҳои душман. Чанд танкро таркондааст.

пешина
аз 234
навбатӣ