Ишқи сархӯр

Ба вай мукофот – орден доданд, ана, он дар пеши бараш. Ҳамонро ба бачаҳо – ба ҷанговароне, ки ба деҳа медароянд, нишон медиҳад. Ба онҳо мегӯяд, ки вай Ватан гуфта, бар зидди истиллогарони фашистӣ ҷангид, сина сипар кард, хун рехт. Аммо дар Тоҷикистон, байни тоҷикон чи ҷанге меравад? Киро душман мегӯянд? Тоҷиканд ҳама, магар хуб аст, ки тоҷик тоҷикро кушад? Тоҷикон якдигарро кушта, магар қаҳрамон мешаванд? Кӣ ба онҳо офарин, таҳсин мегӯяд? Кӣ мукофот медиҳад?
Саҳни мағоза, кӯчаҳо аз одам холӣ шуд, касе намонд. Мошинҳои зиреҳпӯш баландиро мебаромаданд, замину замон гӯё зери чархҳои онҳо меларзид. Аз танаи деворҳои кӯҳнаи кафидаю ҷо-ҷо сӯрохшудаи мағоза пора-пора кулӯх, коҳгил, андова ҷудо шуда ба замин, ба болои сари бобои Абдукарим, ки такя ба девор менишаст, меафтод. Аз танку мошинҳо саҳни мағоза пур шуд. Силоҳдорон берун меомаданд аз онҳо.
Ба деҳаи Лолазор не, гӯё ба ягон мамлакати бегона, дур аз Тоҷикистон даромада, онро фатҳ карда буданд, ки аз ваҷоҳати эшон ҳавобаландӣ, мағрурӣ, нописандӣ, ҷаҳлу асабоният эҳсос мешуд. Аз автомат ва силоҳҳое, ки доштанд, ба осмон, бар болои деҳа тир меандохтанд, мушак мепарронданд. Ҳамааш гӯё ба шарафи ғалаба! Тирҳо, гулӯлаҳои оташ болои бому ҳезумхонаҳо афтода, ҷо-ҷои деҳа забонаи оташ баланд мегашт, сӯхтор, дуд. Деҳаи Лолазор, масҷид месӯхт. «Фотеҳон» замину замонро ларзондан, мардумро тарсондан мехостанд. Аз назар афкандан ба онҳо, аз сиёсати эшон дилҳо об мешуд. Мардум аз шунидани хабари омадомадашон тарсида, кайҳо хонаю ҳавлиҳо, молу амволашонро гузошта, аз деҳа мерафтанд, ба кӯҳҳо, ҷарию теппаҳо рӯ оварда буданд. Дашту саҳро, боғу майдонҳо аз одам пур, аз дур одамон ба мисли муру малах метофтанд, гирду атрофи деҳаро гӯё сиёҳӣ гирифта. Баъзеҳо кӯдакҳо дар бағал, борхалтаҳо дар пушт, беморон ҳамроҳашон, ба улавҳо савор карда мебурданд онҳоро, ё худашон базӯр роҳ мепаймуданд. Занҳои пояшон вазнин баъди ҳар панҷ-даҳ қадам монда шуда, дар ҷойҳояшон менишастанд, рӯ ба Лолазори дар оғӯши оташу дуд мондаашон оварда пичир-пичир дуо мехонданд, «тавбатавба», – гӯён гиребонашонро медоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ