Ишқи сархӯр

Ҳамаро як нохушӣ, рӯзи сиёҳе фаро гирифта буд. Албатта, ба деҳаи онҳо қавми дигаре ҳамла наоварда, ё ба мисли асрҳои пеш ба сарашон муғулҳои оламаловмон, қарохитоиҳою ғазнавиён, манғитҳо натохта, истиллогаре ба хоки онҳо надаромада. Ба онҳо ҳар чӣ рӯзи сахте оварда, ҳамон ошно, хешованд, ҳамзабон. Киҳо буданду набуданд, ки душманон тавонистанд, байнашон низоъ ангезанд, бардор доданд, ҷанг хезонданд, силоҳдор карданд, пулу молро дареғ надоштанд, дӯстон, ҷигарбандҳоро ба ҳам душман сохта тавонистанд. Ҳоло ба онҳо кӣ душман? Кӣ душмани ҷону нангу номусашон? Сиёҳдарагиҳо, болообиҳо, деҳаҳои гирду атрофашон, ки байни ҳамдигар хешию таборӣ доранд, обшарику хокшариканд. Ҳоло хурду резаи Лолазор «дод аз дасти ҳамзабону нонхӯру намакхӯрҳо» гуфта, аз тарси ҷон мегурехтанд. Хонаҳо, ҳавлиҳо холӣ шуда, дар саҳни мағоза ғайри бобои Абдукарим касе намонда. Қиёмате пеши рӯи ӯ сар зада. Мошинҳои зиреҳпӯш, силоҳдорон рӯ ба болои деҳа, рӯ ба осмон тир мепарронданд, давутоз, «ҳай бигиру ҳай бидор, будав, бузан!» – суханҳо мешунид ӯ.
– Кистӣ ту, мӯйсафед? – се-чор нафар силоҳдор гирдаш карданд.
– Бобои Абдукарим ном дорум, – гӯён дар ҷавоб бо лаҳҷаи онҳо ба гап даромад. – Иштирокчии ҷангум.
– Мӯйсафед, ай гапзаниҳот нотарс, милашах метовӣ.
– Ай Худо метарсум, бачаҳом. Шумоҳо ҳам ай Худо бутарсе.
– …
– Ҳа, бобо, гап зан! Худут ҳам ай ҳами деҳа мешӣ? Ай Лолазорӣ?
– Не, бачам, ма ай Сангрезум.
– Сенгрезуш дар куҷояй?
– Сангрез ай ин ҷо дурай.
– Дар Лолазор чӣ мекунӣ?
– Пеш дар ҳамӣ Лолазор будем, баъд кӯчидем. Хуни нофум ҳамин ҷо рехтай.
– Дурӯғ намегӣ, мӯйсафед.
– Дурӯғ гӯюм, забонум сӯза.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ