Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Лолазориҳоя ҳамашона медонӣ?
– Чӣ дурӯғ гуюм, бачам, ҳамашона медонум.
– Чува ту нагурехтӣ?
– Гуфтум-ку, ма ай Худо метарсум. Вақтуш буд, то Берлин рафтум, дар ҷанг будум, намурдум.
– Акнун мемурӣ.
– Ту тоҷики худум, ки мана кушӣ, букуш.
– Як тараф ист, гапа кам кун, – силоҳдори калонсолтаре пеши роҳи ҷавони бадхашми қадпастро, ки ба тарафи бобои Абдукарим қадам монда буд, гирифт.
– Бобо, ин тараф биё, – силоҳдори калонсол, ки пеши бараш пур аз тирдону силоҳҳо буд, вайро ба каноре хонд ва аз ҷайбаш чанд варақ баровард ва боз ба бобои Абдукарим муроҷиат кард:
– Бобо.
– Лаббай, бачам.
– Ҳамаи лолазориҳоя медонум гуфтӣ-а?
– Ҳа, бачам, хурду калонша медонум, чӣ дурӯғ гӯм?
– Муллоӣ?
– Э не, бачам, дар вақтуш хонда натавонистум.
– Ҳамия буфаҳм, бобо, ки ай дасти мо ту дига халос намехӯрӣ. Пеш даро, – фармоиш дод.
– Ба куҷо?
– Напурс, роҳ гард, – ҷониби як БТР қадам монд силоҳдори калонсол.
– Чӣ гуноҳ дорум, бачам? Падарут вори одамум. Вақте ту ба дунё наомада будӣ, ки дар ҷанг будум, Ватана ҳимоя кардум. Ордену медалҳома бин, кинишкаҳома ҳам бин. Хизмате, ки ма кардагиюм барои Ватан ҳеҷ кӣ накардай.
– Сафсата нахон, бузриш! Агар як бори дига даҳон кушоӣ, ба Худо, мепаронумут, – силоҳбадаст аз пас бо қундоқи автомат ба китфи мӯйсафед фуровард, рӯ ба замин афтод бобои Абдукарим ва дарк кард, ки беҳуда «як марди пирум, гуноҳ надорум» гуфта, аз паси ҳамроҳонаш нарафт. Нагурехт, зуъмӣ карда, дар ҷояш нишаст. Баъд хаёл дошт, ки бачаҳои ҷавон ба сари одаме мисли падарашон намедаванд, беҳурматӣ намекунанд. Вале боз ва боз фаҳмид, ки саҳв кард.

пешина
аз 234
навбатӣ