Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бобо, муғамбирӣ мекунӣ, медонӣ.
– Чия медонум?
– Бачаҳо аз имтиҳон ғалтидаанд, ягонтаашон ба мактабҳои олӣ дохил нашудаанд, ғайри Сархӯр.
– Ин хел бугӯ, нафаҳмидум, пирӣ-дия, Зиёвиддинҷон, – пирамард худро ба нодонӣ зада боз пурсид: – Сархӯр дохил шудай гуфтӣ?
– Ҳа, Сархӯр дохил шудааст.
– Вай кадом мактаб рафтай?
– Институти санъат.
– Кӣ мешудай?
– Ҳофиз.
– Ҳофизия метона? Овозша нашунида будем-ку.
– Як муаллими зӯр ёрдам расондааст. Баъд худаш Аҳмад Бобоқулро тақлид карда института ба сар бардоштааст, тавонистааст.
– Гӯшҳои мардума кар кардааст бугӯ, ҳамин хел овоз ҳам доштааст бугӯ.
– Илоҳӣ дохил намешуд, кош аз кампири Санам ҳамин як сағера ҳам намемонд, – як мӯйсафед Сархӯрро дуои бад кард.
– Барои чӣ, бобо? – ҳама дар ҳайрат афтоданд.
– Як одати бад пайдо кардааст, дарахт намонда бурида гаштааст.
Мӯйсафед рост мегуфтааст, Сархӯр баъди донишҷӯ шудан ҳамин хел кор мекардааст, аммо дарахти сабз намебуридааст, ҳеҷ гоҳу ба ҳеҷ ваҷҳ. Тешаю табар, арра дар даст, хараш пешпеш дара ба дара, ҷар ба ҷар гашта дарахти хушк меҷустааст ӯ. Дарахтҳои хушк кам, ягон-ягон. Онҳо дар сари теға, танаи кӯҳу камар, дар ҷойҳое, ки пои одамӣ нарасида. Вале Сархӯр ноилоҷ, бори зиндагии модар ба дӯшаш, боз дар шаҳр хондан, сағераи бекас, таг замину боло осмон, бо ҳар роҳе, ки набошад бояд зист, рӯзи худашу модарро бояд гузаронад. Албатта, бо роҳи ҳалол, бо меҳнат. Ҳафтае як-ду бори хар ҳезум ёфта, деҳ ба деҳ гардонда мефурӯхт, пул меёфт. Ба гуфтаи модар, мардбача ки ҳаст, хор намешаванд.
Он рӯз ба ҷари Говкуш омада буд, ба гуфтае ҷари одамхӯр.
Аввалаш ваҳмовар наменамояд, нованамо, баъди панҷ-шаш метр поён шудан паҳноии ҷар намоён мешавад.

пешина
аз 234
навбатӣ