Ишқи сархӯр

Аз як гӯша то гӯшаи дигараш хело роҳ, баландиаш аз поён чашмнорас, ба боло нигарӣ, чашм об мегирад. Аз зери ҷар об мегузарад, оби сангоб, гоҳе пуробу гоҳе камоб. Худо нишон надиҳад, онҳое, ки қасди ҷони худ карда, рӯ ба ҷар меоранд ё гову молҳое, ки ба ҷар меафтанд, то лаби ҷар расидан умед ба зинда монданашон ҳаст, вале аз он поён барои ҳама аҷал, аз сад ҷон як ҷон намераҳад. Қад-қади нова то дами ҷар дарахтон рӯидаанд. Баъзеи онҳо хушк шуда, боби ҳезум, боби аловӣ. Лекин мардум агар як парха аловӣ наёбанд ҳам, барои бурида бурдани ягон шохаи ин дарахтон ҷуръат надоранд, беақл нестанд, ки ҳезум гуфта ҷон ба хатар гузоранд. Аммо Сархӯр чанд дарахти хушкидаи ин ҷоро пешчашма кардааст. Онҳо аз ҳама поён, баъд ҷари калон, ки агар сари кас калобад ё пояш лағжад буд-набуд, ба ҷар меравад. Сархӯр ҳамаи ин хавфу хатарҳоро медонад, ба ҳисоб гирифтааст, девонаи ба кори худ ҳушёр. Хона ба хонаи аҳли деҳа гашт, як ваҷаб банде ҳам ки доштанд, ба ӯ доданд, як бори хар банд. Бандҳоро нӯки ба нӯк карда, дар танаи як-ду дарахти сари ҷар ва дарахтони аз ҷар дуртар баст. Бандҳоро дошта, дошта баландии новамонандро фаромад, наздики дарахтони пешчашма кардааш расид. Боз тӯп-тӯп, хеле бисёр банд дошт. Хавфи аз ҳама зиёд аз боло ба сараш санг омадан. Подаи гову моли мардум дар наздикӣ, гов ё бузу бузғолае аз пода ҷудо шуда, ба ҷар афтад-чӣ? Одамони ҷонбезор ҳам пайдо шудаанд, як роҳи осони ба марг расидани онҳо ҳам худро ба ҷар афкандан.
Сархӯр дар ин ҷо дарахт мезанад, ҳезум ҷамъ меоварад. Хуб, ки поёнтари ҷари новамонанд тангтар, дар ҳар ду тараф дарахт, дар миён низ як дарахт, хурдтару назарногир, шохаҳояш шикаста, гирдогирди он банд печонда ба ду тараф торатора банд кашид, торҳоро ваҷаб ба ваҷаб дар миёни дарахтони ҳарду тараф баст. Дар байни онҳо бузу бузғола, гӯсола, сангҳои калон ҳам дармемонад.
Такя ба дарахте истод. Тешаю табарро ба танаи он зад, арраро ба шохе овехт. Дарахти азим, аввал шоху навдаҳояшро мезанад, баъд онҳоро арра мекунад. Ана, дар ҳамин лаҳзаҳо, ки Сархӯр дар зери дарахт меҷунбид, Фахрию Лутфия сари ҷар омада буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё