Ишқи сархӯр

Овози гапзанӣ ба гӯшаш расид. Писару духтар маслиҳат доштанд, аранг-аранг мешунавид онҳоро.
Чанд ҳарф ба гӯшаш омад: «Аввал ман, аввал ман!» Овози духтар шунавотар буд. Чи ҳолати ногувор ва даҳшатоваре, бачаю духтар худро аз ҷар мепартоянд. Вай шоҳид, пеши назараш ин фоҷиа рух медиҳад, сади роҳашон шуда наметавонад, фарёду фиғон андозад ҳам. Саросема ҷоеро ки духтар дар боло буд, муайян сохт. Рӯ ба рӯи дарахти шохшикастаи миёни ҷар. Чанд қадам аз дарахт боло шуд. Агар тавонад дар ҳамин ҷо духтарро медорад, агар натавонад ҳам аз зарбае, ки ба кундаи дарахт омада мезанад, ӯро нигоҳ медорад. Духтар ба он бармехӯрад ё аз болои сараш мегузарад, Худо нишон надиҳад, ки ӯро дошта натавонад, баъд... баъд Сархӯр худашро намебахшад, як умр аз худ норизо, ки аз уҳдаи наҷот додани духтар набаромад, сустӣ кард. Ҳайф. Ӯ аз алов бароварда буд духтарҳоро, аз ҷӯши дарёи Кофарниҳон ҳам одамро раҳонд, морро дар танаи чинор аз ҳечааш дошт, ба поён партофт, ки одамон як соли дароз аз паи куштанаш буданд.
Лек танаи ҷар аз алов, аз дарё, аз мор хавфноктар. Дар такопӯ афтод, рӯ ба болои ҷар дастонашро ба ду тараф ёзонд. Сархӯр омода, тайёр, сонияҳо, лаҳзаҳо... Аз сари ҷар ғелид духтар, сарозер меомад. Садои даҳшатовар, гӯё ҷари одамхӯр овоз баровард. Чанги хок ба осмон, регу сангпораҳо ба сар мерехтанд, Худоё, зарб хӯрда, духтар аз болои сари Сархӯр, баъд аз болои бандҳо гузашта наравад. Ба зарба тоб меорад?
Аз пой дарнамеафтад? Ҳамроҳи ӯ сарозер намеравад? На, на, ин тавр намешавад. Фикри бад бадӣ мезояд. Духтарро медорад. Зарба... Духтар ба ӯ бархӯрд, зарбае, ки гӯё замин ҷунбид, аз таги пояш рафт замин. Афтод, ба пушт ба дарахт зад, дарахт шикаст, як тори банд канд, ними баданаш аз қабати бандҳо берун, рӯ ба ҷари бетаг, то лаби ҷар як ё ду қадам.
Аз он чи меҳаросид ба сараш омад, дар бағал духтар, як худаш не, ҳарду мемиранд, умраш то ба ҳамин ҷо будааст. Ин ҷо рӯи замин не, ӯ дар миёни замину осмон, дар дами афтодан ба ҷар. Ҳама ҷо ба назараш торик, чангу ғубор, ҳеҷ ҷойро намебинад, вале дар талоши зинда мондан. Рост хеста наметавонад, касе не, ки дасташро гирад. Ба худ мегуфт: «Сархӯр, худатро соҳиб шав, суст нашав, ҷон коҳон, ҷон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё