Ишқи сархӯр

Коре карда, даст ба бандҳо ё дарахт бурданӣ, умед ба банд, ба дарахт, умед ба зинда мондан. Алафҳои танаи ҷар, хору буттаҳоро газида, панҷолхарош карда, худро якнима гардонд, рӯ ба ҷониби бандҳо, ба ҷониби дарахт. Як кӯки банди кандашуда ба дасташ омад, ҳамон банде, ки кӯҳна будаасту канд. Агар боз канад? Банди бехосият, агар намеканд, Сархӯр ба ин ҳол намеафтод. Дар дасти вай боз нӯки ҳамон банд, бандро ба банди дасташ печонд, чанд гиреҳ андохт, худашро болотар кашид, ҳушаш ба дарахту бандҳо. Дасташ ба дарахте, ки нимаш шикаста буд, расиду сари зону хест, аз сари торҳои баланди бандҳо худро ба дарун афканд, баъд надонист, ки баҳуш аст ё беёд. Муваффақ шуда ӯ. Духтар дар бағалаш, зарб хӯрда, ба сангҳо, ба кундаи дарахтон, ба решаю буттаҳо дармонда-дармонда омадааст, сараш хун, пеши чашмонаш хун, аммо шукр, ки зинда, нафас мекашад, бахти баланди духтар, бахти баланди Сархӯр. Ҷони зинда дар бағал, ба дарахт такя дод, нафасаш омад, даме осуд. Ҷавони ҳамроҳи духтар буда ку? Ба хотир овард. Шояд вай ҳам худро ба ҷар афкандаву Сархӯр бехабар монда. На, на, ин тавр нашуд. Агар вай ҳам худро ба ҷар мепартофт, аз паси духтар меомад, боз қиёмате, ғулғула, ҷар садо медод, садои даҳшатафкан, садои ба ҳам хӯрдани сангҳо, чангу ғубор, сиёҳӣ, хоку қум ба сар меборид.
Вале ҳеҷ гап нашуда. Ҷавон худро ба ҷар напартофтааст, рафтааст. Лекин аз болои ҷар ба гӯши Сархӯр боз овози гапзанӣ мерасид. Гапзании ҷавон ва духтар. Баъд хомӯшӣ ба миён омад. Аз афташ, корашонро карданду рафтанд. Духтар дар бағали Сархӯр, бори вазнин, бардоштан осон не, ӯро куҷо гузорад? Зери дарахт? Як-ду ваҷаб ҷой, нишебнамо, ҷунбидан, паҳлу гаштан намешавад. Дилаш нашуд, ки духтарро гузорад.
Ӯро бояд боло, ба сари ҷар барорад. Аммо ин кор душвор. Вай дарзаи ҳезум не, ки бо банд боло кашӣ. Ҷони зинда. Дар танаи ҷар касе не, ки ҳамроҳ шаванд, аз боло ҳам овозе намеояд.
Умед боз ба худаш, танҳо ба худаш, ба дасту бозувонаш.
Бандҳо дар дарахтони азим баста шудаанд, торҳои беҳисоб, дар сар то қадами Сархӯр ва духтар печ хӯрдаанду печидаанд.
Намеафтанд, бандҳо намекананд, фақат лозим, ки Сархӯр ҷон коҳонаду худ ва духтарро боло кашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё