Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азбаски духтурон тамоми рўзи шанбе ба тафтишот пурсидани Ҳотамовро иҷозат надоданд, муфаттиш аз рўйи ҳодисаи мазкур чорае андешида натавонист.
Занги телефон дар ин субҳи якшанбе таъби Нидоевро хиҷил накард. Баръакс ў лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомидро гўш карда, ваъда дод, ки худи ҳозир расида меояд.
Нидоев як сол боз дар прокуратураи ноҳияи Сарчашма кор мекард ва дар ин муддат борҳо ҳамроҳи Сорбони Ҳомид ба қавле ба «разведка» рафта буд. Ў боварӣ дошт, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ягон нўги гиреҳеро аз ҳодисаи дишаба ба даст овардааст ва акнун онро мувофиқи талаботҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ кардан мехоҳад. Ҳарчанд Сорбони Ҳомид ба воситаи телефон ўро ба таври муфассал огоҳ накард, вале дарк намуд, ки бе оғози кори ҷиноятӣ имконияти гузаронидани дигар ҳаракатҳои тафти– шотӣ нест. Аз ин рў, ў папкаашро гирифта рост ба беморхона ба назди Ҳотамов рафт ва Сорбони Ҳомидро низ он ҷо дид.
Лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид муфаттишро ба рафти воқеаҳои дишаба огоҳ сохта гуфт, ки барои суҳбат бо Ҳотамов розигии ҷарроҳ Низомовро гирифтааст.
– Ҳоло соат ҳафт чӣ хел розигии ҷарроҳро барои суҳбат гирифтед?
– Соле ки накўст аз баҳораш пайдост. Имрўз ҳам барои мо иншооллоҳ рўзи бобарор мешавад. Аввалан ин ки Ҳотамов худро нағз ҳис мекунад. Дуюм, ин ки ҷарроҳ Низомовро дар ҳамин субҳи содиқ, дар ҷойи кораш ёфтем, чунки ў шабона навбатдори шуъбаи ҷарроҳӣ будааст. Сеюм, агар ба нишонаҳои зоҳирии шахси линча дар пушт, ки ўро Ҳотамов дидааст назар афканем, маҳз ҳамин шахсро имшаб мо ба ҳушёрхона овардем, вале барои хулосаи аниқ баровардан ҳоло вақт ҳаст ва ман итминони комил дорам, ки худи Ҳотамов ба ин масъала нукта мегузорад.
– Бад не, акнун, бифармоед корро сар кунем.

пешина
аз 416
навбатӣ