АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҳарду хилъати сафед ба бар карда ҳамроҳи ҳамшираи шафқат Бону ба палатаи рақами 4, ки Ҳотамов мехобид даромаданд.
Дар давоми суҳбати нимсоата Нидоев ба рафти воқеаи ба сари Ҳотамов омада пурра шинос шуд ва нишондоди нозири минтақавиро дар баёноташ дарҷ намуд. Тарафҳо ба хулосае омаданд, ки баъди се соат дар яке аз палатаҳои беморхона гумонбаршудаеро ба ҷабрдида барои шиносоӣ рў ба рў намоянд.
Муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ соати ҳашти субҳ ба милиса омаданд. Дар ҳама ҳолат ба гумонбаршуда имконият дода мешавад, ки барои бегуноҳии худ далелҳо биёрад ё барои сабук намудани дараҷаи ҷазо ба гуноҳаш софдилона иқрор шаваду ба рафти тафтишот ёрӣ диҳад. Маҳз ҳамин ҳолатҳо ҳангоми тартиб додани фикри айбдорӣ ва фиристодани парвандаи ҷиноятӣ ба суд ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда баррасӣ карда мешаванд.
Баъди бист дақиқаи ба милиса омадан ва муҳокимаи на чандон тўлонӣ дар атрофи масъалаи мазкур намояндагони мақомотҳои таҳқиқ ва тафтиш ба хулосае омаданд, ки сухани аввалро ба меҳмони хуҷандӣ диҳанд. Дар ин бора лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид ба воситаи телефони дохилӣ барои ҳозир намудани Зубайдов ба навбатдор супориш дод.
Баъди чанд дақиқа Зубайдов вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гашт…
… 30 …
Елена Александровна тайи чанд рўзи охир хело серкор буд.
Баъди оне ки ў шавҳарашро ки азми тарки ин кишвари офтобӣ намудан дошт аз райъаш гардонид, дар тараддуди гузаронидани иди ғалаба буд. Ў табрикномаи кумитаи ҳизбӣ ва иҷроияи шаҳрро дар пеши оинаи даҳлез дар байни ду қуттии гулҳои навшукуфта бо як маҳорати хосае ҷой дод. Сергей Павлович аз ин санъати волои ҳамсар ҳарчанд қабат-қабат гўшт гирифта бошад ҳам, вале то ҳанўз як гўшаи дилаш хиҷил буд. Дирўз ў аз ҳодисаи ба сари котибаи Кабиров омада огоҳ гашт ва ин «хомўшии» Қамар Абдулғаниевичро маҳз ба ҳамин ҳодиса нисбат дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё