Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дар Тоҷикистон дин ба уҳда дошта, ташкилотҳои динӣ онро ба низом медароварданд, ки ба баъзе талаботҳои замонавии менеҷмент ҷавобгӯ набуданд.

Дар ҳақиқат, институти асосии сиёсии ба низом даровардани инкишофи маданӣ дар ҳама давру замон давлат ба ҳисоб рафта, як қатор функцияҳои умумииҷтимоиро ба уҳдаи худ гирифта, системи ҳимояи иҷтимоӣ, тартибу низоми молиявию ҳуқуқии башарро нигоҳ медоранд. Аз ин нигоҳ, давлат ҳамчун институти инкишофдиҳандаи маданӣ барои тамоми ҷомеа баромад менамояд ва идораи менеҷмент бошад, дар корхона микромаданият ё худ маданияти корпоративӣ ташкил намуда, ҳимояи иҷтимоии кормандони хешро аз нуқтаи мавҷудаи умумӣ дида баландтар мебардорад.

Чуноне ки мо дар қисми 4-уми китоби менеҷмент қайд намудем, бахше аз подшоҳону амирони миллати тоҷик дар як муҳлати кӯтоҳи давлатдорӣ ва ҳукмронии хеш тағйиротҳои куллӣ ва корнамоиҳои бузурги таърихии эҷодию иҷтимоӣ кардаанд, ки номашонро ҳазорсолаҳо боз зинда медоранд.
Донишмандону хирадмандони бузурги миллат, ки дар ин дастгоҳҳо хизмат мекарданд, асарҳои бузург иншо ва қоидаю меъёрҳои бузурги таърихиеро кашф карданд, ки аз меваи онҳо то имрӯз тамоми ҷаҳониён баҳра мегиранд. Чуноне, ки мо шеърҳои тарбиявӣ ва қасидаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва боз осори чандин мутафаккирони дигарро, ки намунаи онҳоро дар боби 44-уми китоб овардаем, ҳамчун сарчашмаи асосии инкишофи маданияю маърифатии менеҷмент тавсия дода, боз таъкид менамоем, ки ин асарҳо ганҷинаи бебаҳои ҷомеаи башарӣ ҳисоб мераванд.

Инчунин, бояд қайд кард, очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз барои подшоҳону давлатдории миллати тоҷик ва баъзе мамолики Шарқ, ба монандӣ Эрон, Хитой, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Араб рушди давлат дар асоси инкишофи маданият сурат мегирад. Ин, албатта, хусусияти хоси худро дорад, яъне маданият дар Шарқ худ вуҷудорню ҳунар ва ихтироот мебошад.

Мардуми тоҷик маҳз бо ҳамин роҳ метавонад, қобилияти худро амалӣ гардонида, эҷодкории худро дар бахшҳои гуногун ба ҷомеа муаррифӣ намояд.
Давлат ҳамчун институти манфиатдори иҷтимоӣ бояд дар ин раванд фаъол буда,

пешина
аз 463
навбатӣ