Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба як суръату ҳаракати бонизому муайян) шино мекунанд дар фазои осмон» (Сураи «Анбиё», 21:33)

Ин назарияро олимон - ситорашиносон фақат дар асри XX дарёфтанд, ки мувофиқи ҳисобу китоби онҳо Офтоб аз рӯи суръати 720000 км/соат ҳаракат намуда, дар рӯз зиёда аз 17 миллиону 280 ҳазор километрро тай менамояд. Аз ин маълум мегардад, ки тамоми сайёраҳо низ бо чунин суръат дар гирди Офтоб чарх мезананд.

Барои роҳбари хештаншинос боз як маротиба таъкид менамоем, ки тамоми дигар сайёраҳо дар гирди Офтоб фақат ба хотири гармӣ ва рӯшноӣ давр мезананд. Пас, мебояд аз чунин асрори табиии роҳбарӣ мо бохабар буда, доимо гармӣ ва рӯшноидиҳанда бошем, то кормандонамон пайваста дар атрофамон чарх зананд ва аз мо дур нагурезанд.

Аз ин ҷо боз нуқтаи муҳими барои роҳбарӣ дар менеҷмент пайдо мегардад, ки ба кадом тараф чарх ва ё ҳаракат карданро бояд донем. Дар ин ҷо низ гардиши Замин аз «Ғарб ба Шарқ» сурат мегирад ва дигар ҷирмҳо низ ин қоидаро нигоҳ медоранд. Ва мусулмонон инро тарафи «Қибла» қабул дошта, тамоми кору фаъолияташонро бо нигоҳ ба тарафи қибла ва омин оғоз мекунанд. Пагоҳӣ бо дасти рост рӯ ба сӯи қибла аз ҷой хеста, мизи кориро низ рӯ ба сӯи қибла мегузоранд. Ин рафтор барои ҳар як фарди мусулмон қуввату ғайрат ва боварии қавӣ дар кору фаъолият оварда, корашро пурбарору пурбаракат мегардонад.

Як нуқтаи муҳим хусусияти қабати ҳимоявӣ доштани атмосфера барои олами зиндаи рӯи замин мебошад, ки олимону донишмандон онро фақат нимаи дуввуми асри XX барои инсоният илман исбот намуданд, аммо ҳанӯз дар китоби Қуръон, Сураи «Анбиё», 21:32, омадааст, ки «Ва офаридаем осмонро саҳфе нигоҳ дошта шуда (бесутун)».

Атмосфера барои ҳаёти одамон ва мавҷудоти зиндаи рӯи Олам моҳияти махсуси ҳимоявӣ ва ҳаёти бозида, тозагии онро нигоҳ доштан барои ҳар як роҳбари хештаншинос шарти зарурист. Аз мо талаб карда мешавад, ки мувозинати таркибии қабати атмосфераро нигоҳ дорем, чунки суръати бемайлони инкишофи саноатӣ, зиёд гаштани партовҳои истеҳсолӣ ва ба кайҳон баромадани

1 Харун Яхя. Чудо Корана. - М., 2005, с. 45.

пешина
аз 463
навбатӣ