Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
мегардад. Дар натиҷа, менеҷмент соҳиби сармояи муайян гашта, имкони фонди иноватсиониро пайдо менамояд. Ин захираҳо эндогенӣ номида шуда, ҳамчун захираи устувории менеҷмент хизмат менамоянд.
Ин захираҳоро менеҷмент метавонад боз аз дигар сарчашмаҳои беруна низ ба даст орад. Мисол, бо институтҳои тадқиқотии илмӣ шартнома бастан, тавассути ҳамкорӣ бо олимону донишмандони шинохта ва шахсони нобиға ва ё харида гирифтани иҷозатнома ва патентҳои ихтироотӣ. Ин захираҳоро дар назария захираҳои экзогенӣ меноманд.
Масъалаи муҳим он аст, ки менеҷмент бо истифода аз қоидаи ҳамоҳангсозӣ, ин сарчашмаҳоро бо ҳам пайваста, ҳамкорӣ намояд ва инкишоф ёбад. Идоракунии системаи экзогенӣ ва эндогенӣ дар менеҷмент нишонагирӣ ба инкишофи моликияти зеҳнӣ ва даст кашидан аз аксари қоидаҳо ва молиягузориҳои марказӣ мебошад. Аз тарафи дигар, бевосита дар менеҷмент пайдо гаштани сармояи иноватсиониро ба майдон меорад, ки имкони васеи инкишофи соҳибкорӣ дар кишвар аст. Албатта, ин система дар корхонаҳое, ки шакли роҳбарии сезинагии идоравиро доранд, каме мушкил аст. Аммо дар соҳаи соҳибкорӣ ва корхонаҳои миёна хеле қулай буда, суръати баланди инкишофро таъмин месозад.
Бартарияти ин системаи менеҷмент пеш аз ҳама дар он аст, ки фаъолият хислати мақсадноки иноватсионӣ гирифта, дар ҳар як қадам аз навигариҳои илму техника ва эҷодкорию иқтидори ақлонии кормандон истифода менамояд.
Ин бевосита, шакли нави муносибатҳои менеҷмент ба кормандон, мизоҷон, корхонаҳои ҳамкор, табиат ва умуман, ҷамъият мебошад. Маҳз, озодии фаъолияти менеҷмент ва устувории қарорҳои менеҷмент бо ташкили чунин системаи бартариятнок таъмин карда мешаванд.
Менеҷер ҳамчун пайдокунанда ва тақсимкунандаи сармоя баромад намуда, бо истифода аз ду сарчашмаи ақлонӣ — экзогенӣ ва эндогенӣ сармояи пешинаи корхонаро инкишоф дода, барои тамоми кормандон метавонад шароити мадании истеҳсолӣ ташкил намояд. Яъне ӯ дар пайдоиш ва сарфи сармояи инноватсионӣ ва умуман, сармояи бадастовардаи корхона мустақил аст. Маҳз чунин боварӣ роҳбарро водор месозад, ки худ ба зинаи хештаншиносӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё