Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бояд рафтори менеҷеронро назорат намуда, оид ба фаъолияти онҳо ахбори пурра дошта бошанд. Дар ҳақиқат, дар он вақт назорати демократии зеҳниро аз ҷониби шахсони обрӯманд ва устодон ба менеҷерон метавон ташкил кард, ки барои инкишофи ояндаи онҳо ҳамчун роҳнамо ва мураббӣ хизмат мерасонанд ва дар оянда имкони ба гурӯҳи яккачин ворид шуданро пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ, системаи амалгардонии инноватсионӣ дар менеҷмент ҳамчун системаи инкишофи зеҳнӣ ва иқтисодӣ амал карда, устувории онро нигоҳ дошта, пешвоии корхонаро дар шароити рақобати калони бозор нигоҳ медорад.

Дар шароити ҳокимиятдории демократӣ, ҳар як шаҳрванд дар интихоби роҳбарон ҳуқуқи як овоз додан дорад. Ин барои амалӣ гардонидани системаи инноватсионии зеҳнӣ нақши муҳим дошта, фикри аксариятро муттаҳид месозад.
Ҳамчунин, созмонҳо таъсис дода мешаванд, ки асоси ғоявиашонро моликияти зеҳнӣ ташкил дода, дар инкишофи ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб мегарданд.

Сармояи башарии этнос аз рӯи аҳолӣ муайян карда мешавад. Бо ҷараёни эволютсионии башарӣ илми демография машғул аст, ки шогирдони макотиби олӣ онро ҳамчун фанни алоҳида аз бар менамоянд. Дар ин нуқта таъкид бар он менамоем, ки дар омӯзиши фанни демография низ бояд фаҳмиши назариявии сармояи башарӣ ба таври алоҳида омӯхта шавад. Инчунин, сарчашмаҳои ташаккули он пурра нишон дода шавад. Чунки ҳаллу фасли ин масоил метавонад ба бисёр масоили демографии, ки ба Тоҷикистони имрӯза хос мебошанд, равшанӣ андохта, моҳияти баланди маънавиро барои ҷомеа муҳайё созад.

Умуман, ҷомеаи башариро вобаста ба муносибаташон ба омӯзиши ва
маълумотнокӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд. Ҷамъияти фаъоли инсонӣ, ки
тамоми кору фаъолияту зиндагонашон аз рӯи қоидаи инкишофи зеҳнӣ амал
карда, гирифтани маълумот вазифаи муқаддас ва асосии ҳар як фарзанди солим
мебошад. Гурӯҳи дигар, ин ҷомеае ки ба донишу инкишофи зеҳнӣ майлу рағбат
надошта, монанди тӯдаи гӯсфандон меҳнати ҷисмониро қабул дониста, кору
фаъолият менамоянд, ки онро ҷомеаи ғайрифаъол меноманд. Дар ҳақиқат,
маълумотҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки мардуми тоҷик, оҳиста — оҳиста
ба ҷомеаи ғайрифаъол мубаддал гашта, қисми зиёди ҷавонон аз хондан даст
кашида истодаанд. Ин, албатта қобили қабул набуда, ба системаи эволютсионии
инноватсионӣ дар менеҷмент қуллан ҷавобгӯй намебошад ва ба паст гаштани

пешина
аз 463
навбатӣ