Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кӣ медонад? Вале инро истисно карда наметавонам.
– Ҳоло гуфта метавонед, ки Саломатов, Бурҳонов ва Галкин дар куҷо кор ва зиндагӣ доранд?
– Не.
– Хўш монед, – гўён Расулзода аз ҷой бархост...

Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нақли Расулзодаро оид ба ташрифаш ба хонаи Назаров шунида гуфт:
– Ҳалқа боз як шаддаеро барои пайвандшавиаш зиёд кард.
– Чӣ хел?
– Сафолбек Кенҷаевич худи Назаров ба шумо гуфтааст, ки ягона фарзанди Умаров дар кадом ҷумҳурии дигар зиндагӣ дорад.
– Ба фикри Шумо соҳиби қандҳо писари Умаров аст?
– Ҳоло ба чунин хулосабарорӣ ҳақ надорем, чунки дар ин ҷо шарафи инсон меистад, вале дар атрофи ҳамин масъала кор кардан зарар надорад. Анастасия Петровна модари Ирина низ дар ҳамин ақида аст, ки маҳз қандҳои овардаи духтараш боиси марги ў шуданд.
– Шояд Хуррамов?
– Намедонам, вале бе пурсиши Хуррамов ба хулосае омадан душвор аст, ҳарчанд Анастасия Петровна ўро бегуноҳ мешуморад ва мегўяд, ки Ирина Саидро ҳам фиреб додааст.
– Пас чӣ бояд кард?
– Ҷомаи бомаслиҳат кутоҳ намеояд, биё ба назди Шарифӣ меравем, таклиф кард Абдумаҷидов.
– Рафтем...
– Оҳҳо, ҳамаи команда-ку,– гўён Шарифӣ ба истиқболи кормандони милиса аз ҷой бархоста, ҳардуро ба нишастан таклиф кард.
– Хўш, гўшам ба шумо, аз чеҳраатон маълум, ки бе “дастовез” наомадаед.
– Сафолбек, Шумо гап занед,– гуфт Акбаршох.
– Не, Шумо гап занед, рафиқ капитан.

пешина
аз 408
навбатӣ