Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Набошад, ин ба Шумо амр, рафиқ лейтенанти калон ҳамаашро нарезондаю начаконда ба саъми муҳтарам муфаттиш расонед.
– Ин хел бошад, ман розӣ,– гуфт Расулзода ва ба сухан оғоз кард…
Аҳмад Шарифӣ нақли Расулзодаро то охир шунида, аз Акбаршоҳ хоҳиш кард, ки ақидаи худро пешниход намояд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ фикри худро дар ин бора, ки чанде пештар дар утоқи кориаш бо Расулзода якчоя муҳокима карда буд, иброз намуд.
Даъват намудани Хуррамов аз Харков ин кори осон нест, чунки то ҳоло ба муқобили ў ягон далел надорем. Ба сифати шоҳид пурсидани ў бошад ин дигар гап. Худи имрўз ман ба прокуратураи шаҳри Харков супориши ҷудогона мефиристам ва дар он ҷо Хуррамов дар асоси саволҳои пешниҳод кардаи мо пурсида мешавад. Албатта, аз рўйи ҳолатҳои ба амал омада, муфаттиш ҳолатҳои дигари корро хоҳад дид. Аммо намедонем, ин чӣ қадар вақтро мегирад. Дирўз ман хулосаи ташхиси хатшиносиро гирифтам. Хатшинос низ ба мо ҳамақида будааст,– гуфт Шарифӣ.
– Яъне хати овардаи Райкина аз Ковалёва нест?
– Бале. Беҳтар мешуд, ки Шумо назоратро аз болои Райкина пурзўр намуда, корро дар атрофи ў ҷоноктар мекардед.
– Дар атрофи Райкина мо як қатор корҳоро ба сомон расонидаем, аз ҷумла муайян намудем, ки Ковалёва дар хонаи ў будааст. Шоҳиде дорем, ки на як бор, балки ду маротиба Ковалёваро ҳамроҳи Райкина дидааст.
– Аз ҳамин масьала cap кардан лозим буд, кист он шоҳидатон?
Абдумаҷидов баёноти Хайруллина Танзилия Равиловнаро ба дасти муфаттиш дод.
– Маълум мешавад, ки Райкина на он мурғест, ки мо гумон мекардем,- баёнотро хонда гуфт Шарифӣ.
–Ҳамин хел аст ва имрўз ман шоҳиди навбатии дуруғгўии Светлана Андреевна шудам.
– Чӣ хел?- пурсид муфаттиш.

пешина
аз 408
навбатӣ