АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Аз хонаи Хайруллина баромада, ўро ҳамроҳи писарбачаи понздаҳ-шонздаҳсола дидам. Намедонам ў маро дид ё не, вале барои эҳтиёт худамро ошкор карда, ўро ҷеғ задам.
Ҳарчанд масофа наздик буд, вале ў худро нодида вонамуд сохта, ба даромадгохи хона шитофт, вале ман аз райъам нагаштам ва боз ўро ҷеғ задам. Чун ба тарафи ман гашт ўро бо рангу рўйи канда дидам. Он писарбача каме аз мо дуртар буд.
Пурсидам, ки ин писарбача кист, гуфт ҳамсояамон. Худро тарзе вонамуд кардам, ки ба ў бовар намудам. Ҳарчанд фикр кардам, ки он бачаро дар куҷо дида бошам, ба ёд оварда натавонистам. Чеҳраи ў шинос намуд ва ҳеҷ аз пеши назарам дур намешуд. Ниҳоят вақте дар автобус нишастам, ба ёд овардам, ки вайро дар куҷо дидаам.
– Дар куҷо?
– Дар вокзали роҳи охан, аробакаш аст.
– Мумкин ҳамсояи Райкина бошад, охир ин чӣ ҷойи шубха,– гуфт Шарифӣ.
– Боре бо ў гуфтугў намудам. Гуфта буд, ки хонаамон дар ҳамин наздикиҳои вокзал аст.
– Набошад он писарбачаро оварда пурсидан лозим, рафиқ капитан.
– Мепурсам, рафиқ лейтенанти калон...
Ҳарчанд Валӣ худро шинохта буд, вале ғайри аробакашӣ дигар кореро ба ёд оварда натавонист. Духтари ҳамсояро дўст медошт, вале ёрои дилашро кушодан надошт. Дар кураи зиндагӣ пухта буд, вале дар ишқ хом буд.
Таклифи зан ба ў хуш омад, ки пурсид:
– Ба куҷо равем?
– Гуфтам– ку ба куҷое дилат хоҳад.
– Ба хона бурда наметавонам.
– Набошад, биё, ба хонаи ман равем, дилатро дур нагир, агар ақлатро кор фармоӣ.
– Майлат, ман розӣ...
Света дарро кушода писарбачаро ба хона таклиф кард:
– Марҳамат дароед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё