АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Валӣ вориди хона шуд.
– Ман ҳозир, – гуфт зан ва Валиро дар меҳмонхона гузошта ба хонаи дигар гузашт ва тағири либос карда, ба назди “меҳмон” омад.
Баъди ҷаноза Хуррамов аз қабристон ба вокзал рафтан хост, вале Анастасия Петровна ўро ба хона таклиф кард. Ў аз одаму олам чунон дилмонда шуда буд, ки ба маросими дафн нияти омадан надошт, вале худи Анастасия Петровна ба ў занг зада хохиш кард, ки ба Бердичев биёяд. “Писарам, Ирина на ин ки ман, балки туро ҳам фиреб додааст ва худ ба доми фиреб афтидааст. Агар имконият дошта бошӣ ба маросими дафн ки рўзи... апрел соати 14 дар қабристони шаҳрӣ баргузор мегардад, биёед”.
Тайи чанд рўзи охир ў хурду хобро фаромўш карда буд.
Иринаро ҳеҷ аз пеши назар дур карда наметавонист...
– Медонӣ чӣ Саидҷон?
– Чӣ будааст, ҷонакам.
– Ба тифламон чӣ ном мегузорем?
– Ҳар чӣ дилат хоҳад.
– Далер, чӣ хел?
– Номи зебо, маънояш ҳам фаҳмо.
– Ин ном на ба он маъноест, ки ту фикр дорӣ.
– Маънои дигареро намебинам.
– Ин гувохи далерии падар аст, ки бе никоҳ издивоҷ кард.
– Тифл дар ин ҷо гуноҳе надорад.
– Мефаҳмам.
– Пас ин хавотирӣ аз баҳри чист?
– Намедонам, ба ин рафтор моро падару модарат чӣ баҳо медода бошанд?
– Баҳои хубу аълоро интизор шудан нашояд, вале аз мактаб пеш намекунанд...
Истгоҳи Бердичев.
Ў аз автобус фаромада, ба тарафи муқобили роҳ гузашт.
Таксӣ ўро то пеши хонаи Ковалёва овард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё